IQNA

20:43 - August 08, 2026
рақами хабар: 4934

Бен-Гвир Қуръонҳои асирони фаластиниро мусодира кард

Кормандони зиндони Нақаб бо дастури вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, ҳангоми ҳамла ба ин зиндон нусхаҳои Қуръонро мусодира карда, танҳо як нусха барои ҳар як бахш боқӣ гузоштанд.

Ба гузориши икно, ба нақл аз Ал-Маядин, «Итамар Бен-Гвир», вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, рӯзи панҷшанбе ба зиндони Нақаб ҳамла карда, ба посбонон дастур дод, ки либосҳои боқимондаи марбут ба асирони фаластиниро ба таври ғайриқонунӣ мусодира кунанд.

Ин хабарро Дафтари расонаии асирони фаластинӣ эълом кардааст.

Ин ниҳод гуфт, кормандони зиндон ҳамчунин ҳангоми ин ҳамла нусхаҳои Қуръонро мусодира карданд ва танҳо як нусха барои ҳар бахш боқӣ гузоштанд. Пас аз ин амалиёт, боздоштшудагон танҳо бо ҳадди ақали либос боқӣ мондаанд.

Дафтари расонаии асирон афзуд: вазъ дар зиндони Нақаб ҳамчунон рӯ ба бадшавӣ дорад ва ба камбуди доимии маводи ғизоӣ ва лавозими беҳдоштӣ, ҳамроҳ бо тадбирҳои сахттари ҷазодиҳӣ ва мавридҳои такрории бадрафторӣ ишора кард.

Ин ниҳод гуфт: ин вазъ ҷони садҳо боздоштшударо ба хатар андохтааст ва хостори иқдоми фаврӣ барои боздоштани ин амалҳои зидди ҳуқуқи инсон шуд.

Зиндонҳои ин режим дар ҳоли ҳозир тақрибан 9 ҳазору 500 асири фаластинӣ-ро дар худ ҷой додаанд, ки дар миёни онҳо 94 зан ва беш аз 350 кӯдак ҳастанд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар аз ниҳодҳои байналмилалӣ хостаанд, ки ин гузоришҳоро таҳқиқ карда, риояи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона-ро таъмин кунанд.

4368368

captcha