Бино ба гузориши икно бо истинод ба «Мидл Ист Нюз», Саъд Маън, раиси Маркази иттилоърасонии амниятии Ироқ, рӯзи ҷумъа эълом кард, ки шумораи зоироне, ки аз гузаргоҳҳои гуногун барои ширкат дар маросими Арбаини ҳазрати Имом Ҳусайн (а) вориди Ироқ шудаанд, аз 3 миллиону 435 ҳазор нафар гузаштааст.
Маън дар суҳбат бо хабаргузории Ироқ (ВАА) гуфт: «Теъдоди зоироне, ки аз аввали моҳи Муҳаррам то шаби гузашта вориди Ироқ шудаанд, ба 3 миллиону 435 ҳазору 492 нафар расидааст.»
Ӯ афзуд, ки ин зоирон аз 172 миллат барои иштирок дар маросими Арбаин ба Ироқ омадаанд.
Раиси Маркази иттилоърасонии амниятии Ироқ таъкид кард, ки маросими Арбаин бо «сатҳи баланди оромӣ, низом ва ҳамоҳангӣ» баргузор шуда истодааст ва неруҳои амниятӣ дар баробари мавкибҳои ҳусайнӣ бо талоши густурда барои таъмини амният, пешниҳоди хизматрасонӣ ва фароҳам сохтани шароити муносиб барои зоирон фаъолият доранд.
Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки иҷрои тарҳҳои амниятӣ ва хизматрасонии вижаи маросими Арбаин ҳамоно идома дорад, то рафтуомади зоирон бо осонӣ, тартиб ва амнияти комил анҷом шавад.
4367269