IQNA

Раисҷумҳур дар ифтитоҳияи сию ҳафтумин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ:

Созиш бо душманони Ислом ақабгард ба даврони ҷоҳилият аст

6:38 - October 02, 2023
рақами хабар: 524
Теҳрон (ИКНА) ҳуҷҷатулислом валмуслимин Раисӣ бо баёни инки идроки ҳамаи андешамандон бояд мубтанӣ бар тақриб ва нафрат аз такфир бошад, гуфт: миллатҳои мусулмон бидонанд, ки одди созии равобит бо режими саҳюнистӣ ва душманони Ислом ҳамонанди паймудани масири иртиҷоъӣ ва бозгашт ба даврони ҷоҳилият аст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи дирӯз, дар маросими ифтитоҳияи сию ҳафтумин Конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломӣ бо табрики вилодати Паёмбари Ислом (с) ва имом Ҷаъфари Содиқ (а) ва низ фарорсидани ҳафтаи Ваҳдат изҳор кард: бояд ёд ва номи чеҳраҳои ваҳдатбахшро гиромӣ бидорем, ки соли гузашта ва сол‎‎ҳои гузашта дар байни мо буданд вале имсол дар қайди ҳаёт нестанд монанди Оятуллоҳи Тасхирӣ ва оқои Шайхулислом ва дигар андешамандон ва нухбагоне, ки барои таҳаққуқи ваҳдат байни мусулмонон талош карданд.

Вай бо баёни инки мавзӯъи ваҳдат бисёр аҳамият дорад ва аҳамияти он, рӯз ба рӯз дар олами Ислом мавриди таъкид қарор мегирад, гуфт: шарҳи садри Паёмбар (с) беҳтарин неъмати Худост, ки ба ӯ эъто шудааст, ӯ беҳтарин улгу барои инсони муосир аст. Пайравӣ аз куффор ва бегонагон боиси ақибгарди мо хоҳад шуд ва муртакиби гуноҳ мешавем ва инро Қуръон мавриди таъкид қарор додааст. Рамзи пирӯзии мусулмонон дар тӯли таърих ваҳдат ва инсиҷоми онҳо буда бо меҳварияти эътиқод ба Худо, бовар ба Расули Ӯ ва ба таассӣ аз Қуръони Карим, лизо нигоҳ ба бегонагон ва хости онҳоро амалӣ кардан сайри иртиҷоъиро ба думбол дорад.

Вай идома дод: таваҷҷуҳ ба озодии Қудси шариф муҳиммтарин шохиси ваҳдат аст ва бояд миллатҳои мусулмон инро мадиназар қарор диҳанд вале дар муқобили одди созии равобит бо режими саҳюнистӣ ҳамонанди паймудани масири иртиҷоъӣ ва бозгашт ба даврони ҷоҳилият аст чаро, ки одди созӣ хости бегонагон аст. Ҳаракатҳои такфирӣ монанди ҳаводиси террористӣ дар Покистон ва Афғонистон эҷоб мекунад, ки ба ваҳдат даст ёбем ва дар ин росто идроки ҳамаи андешамандон бояд мубтанӣ бар тақриб ва нафрат аз такфир бошад ва набояд дар баробари душман таслим шавем ва бидонем ончи, ки душманро водор ба ақибнишинӣ мекунад истодагӣ ва муқовимат ва ваҳдат аст.

Ҳуҷҷатулислом Раисӣ изофа кард: мо ба пайравӣ аз андешаи имомайни Инқилоб ҳамаро ба ваҳдат даъват мекунем ва эътиқод дорем, ки дипломосии фарҳангӣ ва дипломосии сиёсӣ бисёр аҳамият дорад ва уламо ва андешамандон дар ин ҳавза метавонанд асарбахш бошанд ва бояд мусулмонони Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрикоро аз ин тариқ ба ҳам пайванд дод.

https://iqna.ir/fa/news/4172310

captcha