Чандин ниҳоди исломӣ аз ҷумла Ал-Азҳар ва иттиҳодияи ҷаҳони уламои мусулмон, соате пас аз оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ҳимояти худро аз муқовимат ва муборизаи мардуми Фаластин эълом карданд.
Ал-Азҳар эълом кард: ба ҷаҳони хомӯш дар баробари қурбониёни бегуноҳи Фаластин тасалият мегӯем; Ба устувории мардуми сарафрози Фаластин дуруд мефиристем ва аз Худованд мехоҳем, ки ба онҳо ангеза диҳад то дар баробари зулм ва терроризми саҳюнистҳо ва сукути шармовари ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор боистанд.
Аз сӯи дигар Шавқи Алом, муфтии Миср низ таъкид кард: масъалаи Фаластин, масъалаи ҳар Араб ва мусулмон дар сартосари замин аст ва ин мавзӯъе аст, ки дар он маҳдудият вуҷуд надорад балки дар рӯҳи мо зиндааст ва ба далели ҷойгоҳи динӣ ва тамаддуни Байтулмуқаддас дар тӯли таърих, пойбанди мо ба ҳаққи Фаластин бештар мешавад.
Шайх Аҳмад бин Ҳамад ал-Халилӣ, муфтии султон нишини Уммон низ дар Твите дар шабакаи иҷтимоӣ Икс пирӯзӣ ва муваффақияти муқовимат Фаластин дар муқобила бо душмани ваҳшии ишғолгарро орузӯ кард.
Алӣ Киртӣ, дабири кулли Наҳзати исломӣ дар Судон низ гуфт: мо бо шумо аҳд кардем, ки дар мубориза бо ин душман собитқадам бошем то замоне, ки парчами пирӯзиро бо ҳам дар Фаластин ва Судон ба эҳтизоз дароварем то шикасти душманро бо шумо ҷашн бигирем.
Ҳимояти Иттиҳодия ҷаҳони уламои мусулмон
Иттиҳодия ҷаҳони уламои мусулмон ҳамчунин аз уламо, шуюух ва ҳофизони китоби Худо дархост кард то аз муқовимати Фаластин дар навори Ғазза барои пирӯзӣ дар набарди алайҳи ишғолгарон Исроил ҳимоят ва барои он дуо кунанд.
Баёнияи уламои Ироқ ва Алҷазоир
Анҷумани уламои мусулмон дар Ироқ низ ба навбаи худ гуфт, ки бо ғурур ва ифтихор, ҷараёни набарди Тӯфони Ал-Ақсоро думбол мекунад, ки дар он муқовимати Фаластин ишғолгарони Исроилро ғофилгир кард. Ба хости Худо ин амалиёт муодилаи ҷадидеро бар душман таҳмил мекунад, ки интизорашро надошт.
Анҷумани уламои мусулмони Алҷазоир низ таъкид кард, ки ончи имрӯз дар сарзаминҳои ишғолӣ Фаластин иттифоқ меафтад нишондиҳандаи тағйири стратегӣ дар робитаи муқовимати Фаластин ва ишғолгарон аст ва аз ҳамаи Арабҳо ва мусулмонон хост аз муқовимати Фаластин ҳимоят кунанд.
Субҳи дирӯз шанбе, гуруҳҳои Изуддин Ал-Қисом, бозуи низомии ҷунбиши муқовимати исломии (Ҳамос) амалиёти низомии бесобиқаеро алайҳи Исроил оғоз карданд, ки шомили шиллики ҳазорон мушак, нуфуз ва ҳуҷум ба шаҳракҳои исроилӣ ва пойгоҳҳои низомӣ дар атрофи Навори Ғазза буд.
https://iqna.ir/fa/news/4173747