Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) имрӯз сешанбе бо эъломи ҷумъаи пеши рӯ ба номи ҷумъаи "Тӯфони Ал-Ақсо" дар ҷаҳони арабӣ ва исломӣ аз уммати исломӣ хост барои дифоъ аз Қудс, Масҷидулақсо ва Ғазза ба по хезанд.
Дар баёнияи Ҳамос ба ҳамин манзур омадааст: мо аз ҷавонони инқилобии худ дар саросари Каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддаси ишғолӣ мехоҳем қиём кунанд ва бо ҷамъияти хурӯшон берун оянд ва дар ҳама ҷо бо сарбозони ишғолгар даргир шаванд, чаро, ки мо бар ваҳдати сарнавишт ва масир ба сӯи Байтулмуқаддас ва Масҷидулақсо ва озодсозии он аз вуҷуди ишғолгарони фашист таъкид мекунем.
Ҳамос ҳамчунин хитоб ба сокинони сарзаминҳои ишғолии 1948 низ гуфт: имрӯз рӯзи шумост то басиҷ шавед ва ба самти Масҷидулақсо азимат карда ва аз онҷо муҳофизат кунед ва бо ҳамватанони худ дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ муттаҳид шавед.
Дар ин баёния омадааст: муқовимати Фаластин ба раҳбарии гурдонҳои Изуддин Қассом дар дифоъ аз хок, Қудси шариф ва Масҷидулақсо олитарин тасовири ҳамосаҳои қаҳрамонӣ ва ҷонфишонӣ дар баробаи ишғолгарони Исроилро тарсим ва аз ҳайсият ва шарофати нигоҳбонони зани Масҷидулақсо дифоъ карданд ва ба ниёбат аз ҳамаи уммати исломӣ аз усаро дар зиндонҳои режими ишғолгар ҳимоят карданд.
Ин ҷунбиш зимни дархост аз озодагони ҷаҳон барои ҳамбстагӣ бо миллати Фаластин ва муқовимати он гуфт: рӯзи ҷумъа рӯзи басиҷи ҳамбстагӣ ва мушорикат бо миллати Фаластин аст.
Ҳамос аз мардум дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ ва миллати Фаластин дар ҳар куҷо ва дар урдугоҳҳои оворагони дохил ва хориҷи Фаластин хост дар дастаҳои бузург ба самти марзҳои Фаластин башитобанд то ҳамбстагии худро бо Қудс ва Масҷидулақсо эълом кунанд ва агар буъди ҷуғрофиёӣ ин имконро ба онҳо намедиҳад дар наздиктарин нуқта ба Қудси ишғолӣ гирди ҳам биёянд.
Садҳо нафар ҳам дар Ирландия шаби гузашта бо таҷаммӯъ муқобили сафорати режими саҳюнистӣ дар шаҳри Дублин, пойтахти ин кишвар ҳамалоти низомманди режми саҳюнистӣ ба Ғаззаро маҳкум ва ҳимояти худро аз миллати Фаластин ва ҳаққи он дар муқовимат бо ҳамаи ашколи муносибро эълом карданд.
Ричард Бойд Барретт, намояндаи парлумони Ирландия, бо суханронӣ дар ин маросим ба стандартҳои дугонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва давлати Ирландия ишора кард ва гуфт: онҳо тайи ду соли гузашта аз Украина бо анвоъи силоҳҳо ва муҳиммот аз ҷумла бомбаҳои хӯшаоӣ мамнуъаи байналмилалӣ ҳимоят карданд дар ҳоле, ки ҳаққи Фаластиниён дар муқовимат баробари ишғолгарони Исроилро маҳкум мекунанд.
Дар шаҳри Мадрид, пойтахти Испания садҳо нафар бо таҷаммӯъ дар майдони аслии ин шаҳр дар ҳимоят аз Фаластин шиор сар доданд.
Дар Лондон пойтахти Англис низ шаби гузашта садҳо нафар дар ҳоле, ки парчамҳои Фаластин ва плакардҳое бо ановини Фаластин озод бояд гардад, дар даст доштанд, бомбаборони Навори Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ ва куштори занон ва кӯдакони бегуноҳро маҳкум карданд.
Дар идомаи роҳпаймоиҳо дар Амрико барои эъломи ҳимоят аз миллати Фаластин рӯзи гузашта дар шаҳри Ню Орлеан бузургтарин шаҳри Иёлоти Луизиана низ роҳпаймоӣ густурдае дар маҳкумияти режими саҳюнистӣ барпо шуд.
Дар Канада ва аз ҷумла дар шаҳри Торонто низ дирӯз душанбе, тазоҳурот ва иҷтимоъоти мутааддиде аз сӯи гурӯҳҳои мухталиф барои эъломи ҳамбстагӣ бо миллати Фаластин баргузор шуд.