IQNA

Сураҳои Қуръон / 89

Баёни иллати имтиҳонҳои Худованд барои инсонҳо

19:13 - October 14, 2023
рақами хабар: 568
Теҳрон (ИКНА) инсонҳо дар зиндагӣ бо чолишҳои зиёде рӯбарӯ мешаванд; аз хушиҳо ва шодиҳо то ҳаводисе ки иттифоқ меуфтад. Инҳо имтиҳонҳое аст, ки Худованд дар масири инсонҳо қарор дода ва ҳеҷ кадом бедалел нестанд.

Ҳаштоду нуҳумин сӯраи Қуръони Карими Фаҷр ном дорад. Ин сура бо 30 оят дар ҷузъи сиюми Қуръон қарор гирифтааст. Ин сура, ки маккӣ аст, дар тартиби нузул даҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Худованд дар ояти аввали ин сӯра ба Фаҷр (инфиҷори нур дар торикии шаб) қасам хӯрдааст; барои ҳамин ин сура “Фаҷр” номида шудааст.

Сураи Фаҷр ба сӯраи Имом Ҳусайн (а) машҳур шудааст, чароки бар асоси ҳадисе аз Имоми Содиқ (а) манзур аз “нафаси мутмаинна” дар ояти бисту ҳафтум, Имом Ҳусайн (а) аст. Ҳамчунин бар асоси бархе тафосир,  «لیال عشر» (шабҳои дагонаа) дар ояти дуввуми сураи Фаҷр ба даҳ шаби аввали моҳи Муҳаррам ишора дорад.

Сураи Фаҷр ба саргузашти қавми Од ва низ «ارم ذات العماد» (боғи биҳиштии сутун дор) ва қавми Самуд, қавми Фиръавн ва фасод ва саркашии онон ишора дорад ва ин нуктаро ёдовар мешавад. ки инсон дар ҳолои убӯр аз озмоишҳои Худованд аст ва бо неъмат ва ё сахтиҳо озмоиш мешавад. Сипас иллатҳои шикасти инсонҳои беимонро дар ин озмоиш баён мекунад ва ба фарорсидани рӯзи қиёмат ишора мекунад ки дар он рӯз, беимонҳо бо мушоҳидаи осори ҷаҳаннам панд мегиранд; аммо ин пандгирифтан бефоидааст.

Дар ин сура вобастагӣ ба дунё, ки саркашӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ ба Худоро ба ҳамроҳ дорад, сарзаниш шуда ва аҳли дунёро ба шадидтарин азоби дунё ва охират таҳдид кардааст ва мушаххас мекунад, ки инсон тасаввур мекунад агар Худо ба ӯ неъмате дода ба хотири он аст, ки назди Худо азиз ва муҳтарам аст ва касе, ки ба фақр ва надорӣ дучор шуда, ба хотири ин аст, ки назди Худо беарзиш аст. Гуруҳи аввал ба хотири тасаввури ғалате ки дорад корҳои иштибоҳи зиёде анҷом медиҳад ва ба хотири тасаввуроти ғалате ки дорад иштибоҳоти худро намебинанд ва ё беарзиш медонанд. Дуюмин гуруҳ низ ба хотири тасаввуроти иштибоҳи худ куфр мегӯяд. Дар ҳоле, ки агар касе қудрат ё сирвате дорад ва ё агар касе фақир шуда ба хотири имтиҳони илоҳӣ аст то пас аз убӯр аз ин имтиҳон вазъияти охирати ӯ мушаххас шавад.

Бинобар ин неъматҳои илоҳӣ ё сахтиҳо ва мушкилоте ки барои инсон дар дунё пеш меояд, имтиҳонҳои илоҳӣ аст, ки инсон бо истифода аз онҳо метавонад дунёи пас аз марг ва рӯзи қиёмати худро ба беҳтарин шакл бисозад, аммо бетаваҷҷӯҳӣ ба имтиҳоноти Худованд боис мешавад то рӯзи қиёмат чизе ҷуз азоби охират барои ӯ боқӣ намонад.

Пас, аз миёни ҳамаи мардуми дунё касе ба хушбахтӣ охират мерасад, ки «нафаси мутмаинна» дошта бошад ва дар ҳаводис ва гирифториҳо дилаш бо Парвардигораш ором гирад.

captcha