Вазорати кишвари Фаластин эълом кард: артиши режими саҳюнистӣ манозили Фаластиниёнро дар манотиқи Ал-Қасосиб ва Ҳалимаи Саъдия дар шаҳри Ҷиболиё воқеъ дар шимоли Навори Ғазза бомбаборон карда ва шумори маҷрӯҳон низ ба ҳудуди 11 ҳазор нафар расидааст.
Ин ҷинояти ҷадид танҳо соате пас аз куштори саҳюнистҳо дар бемористони Ал-Маъмадонии Ғазза рух дод, ки дар он беш аз 500 тан шаҳид ва беш аз ҳазор фаластинӣ захмӣ шуданд.
Ҳамлаи сешанбе шаби режими палиди саҳюнистӣ ба бемористони Ғазза ба шаҳодати беш аз 500 нафар мунҷар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти Фаластин бисёре аз аҷсод қобили шиносоӣ нест, ин ҷиноят куштори ҷамъӣ шок ва вокуниши ҷаҳониро ба ҳамроҳ дошт.
Вазорати беҳдошти Фаластин дар Наворт Ғазза бомдоди чаҳоршанбе эълом кард, ки шумори шуҳадои Ғазза аз оғози набарди Тӯфони Ақсо то ин лаҳза ба 3 ҳазор ва 200 нафар расидааст.
Дар идомаи тасовири дилхарош аз бомбаборони бемористони Ал-Маъмадонии Ғаззаро мушоҳида мекунед.