IQNA

Ҳамос хезиши уммати исломӣ барои таваққуфи наслукшӣ дар Ғаззаро хостор шуд

18:50 - October 27, 2023
рақами хабар: 628
Фаластин (ИКНА) ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) аз умматҳои арабӣ ва исломӣ ва озодагони ҷаҳон хост имрӯз ҷумъа ба манзури бозгушоӣ гузаргоҳи марзии Рафаҳ ва мутаваққиф кардани ҷанги наслкушӣ дар борикаи Ғазза даст ба таҳаррукоти густурда бизананд.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, ҷунбиши Ҳамос бо судури баёнияе, авҷ бахшидан ба таҳаррукоти мардумӣ тайи чанд рӯзи оянда дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ва эъмоли фишор ба ҳаршеваи мумкин ҷиҳати бозгушоӣ гузаргоҳҳои марзии борикаи Ғазза ва интиқоли кумакҳои башардӯстона ва пизишкии фаврӣ ва сӯхт ба Навори Ғазза ҷиҳати наҷоти ҷони ғайринизомиён ва занони ин минтақаро хостор шуд.

Дар ин баёния омадааст, ки ин фарохон дар сояи идомаи кушторҳои ваҳшиёна ва ҷанги наслкушие, ки давлати фашисти саҳюнистӣ ва артиши нозии онро алайҳи миллати бедифоъ ва бегуноҳи Фаластин аз занон ва кӯдакон ба роҳандохтааст, сурати мегирад.

Ҳамос эълом кард, ки тадовуми бастани гузаргоҳҳо ва мумонаиати душмани саҳюнистӣ аз интиқоли сӯхт ва кӯмакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза ва ташдиди вахомати вазъияти беҳдошт ва дармони Навори Ғазза нишонгари умқи фоҷиаи инсонии мардуми Ғазза аст.

Интиқоди ниҳодҳои Созмони Милал аз ҳамалоти ваҳшёнаи Исроил

Ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милал бо интиқод аз ҳамалоти ваҳшиёнаи артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ин ҳамалотро як ҷинояти ҷангӣ тавсиф карданд.

Пойгоҳи хабарии "Алҷазира" гузориш дод: ниҳодҳои вобаста ба созмони Милал имрӯз эълом карданд, ки ҳеҷ минтақаи амне дар Навори Ғазза вуҷуд надорад.

Ин ниҳодҳо таъкид карданд: бояд ба дардҳо ва ранҷҳои мардуми Ғазза поён дод. Ғайринизомиёни мустақар дар ин минтақа аз ҳамалоти Исроил садамоти зиёде дидаанд.

Ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милал тасреҳ карданд: мо шоҳиди як муҷозоти дастаҷамъӣ ва фоҷиаи инсонӣ дар ҳаққи 2 миллион нафар дар Ғазза ҳастем ва ин як ҷинояти ҷангӣ аст.

Ин ниҳодҳо изофа карданд: бояд фавран тамоми талошҳо барои таваққуфи афзоиши танишҳо дар Ғазза ба кор баста шавад.

https://iqna.ir/fa/news/4178104

captcha