Саду якумин сураи Қуръони Карим “Қориа” ном дорад. Ин сура бо 11 оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Қориа”, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, сиюмин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Калимаи “Ал-Қориа” дар се ояти аввали сура такрор шуда; “Қориа” яке аз номҳои рӯзи қиёмат ба маънои кӯбандааст. Баъзе муфассирон гуфтаанд ба ин иллат рӯзи қиёматро “Қориа” номидаанд, ки қиёмат, кӯбандаи дилҳо бо тарс ва кӯбандаи душманони Худо бо азоб аст. Ҳамчунин метавонад ба ин нукта ишора дошта бошад, ки ҷаҳон дар рӯзи қиёмат, дарҳам кӯбида хоҳад шуд.
Ин сура ба се мавзӯъ ишора дорад: қиёмат ҳодисае бузург ва кӯбанда; Ваҳшат ва саргардонии инсонҳо дар қиёмат ва андозагирии корҳои инсон бо тарозуи махсус.
Ин сура аз оғоз то поён аз иттифоқоте, ки дар рӯзи қиёмат меафтад, сухан мегӯяд ва сахтиҳо ва шароит ва сарнавишти инсонро дар он рӯз баён мекунад. Агар касе корҳои хуби ӯ бештар ва боарзиштар аз корҳои бад ва гуноҳонаш бошад, зиндагии хуш ва ҳамешагӣ хоҳад дошт ва агар касе корҳои бад ва гуноҳони ӯ бештар аз корҳои хуби ӯ бошад, вориди ҷаҳаннам мешавад.
Дар ин сура ба ду иттифоқи муҳим ва албатта тарснок дар рӯзи қиёмат ишора мешавад. Аввалин иттифоқ дар ояти 4 сура омадааст: کَالْفَراشِ الْمَبْثُوثِ: “Рӯзе, ки мардум чун парвона [ҳои] пароканда гарданд”. Бар асоси ин оят, дар рӯзи қиёмат инсонҳо пароканда шуда ва аз якдигар фирор мекунанд.
Нишонаи дигар он аст, ки кӯҳҳо монанди пахта аз ҳам боз шуда ва нарм мешаванд: وَتَكُونُ الْجِبَالُ كَالْعِهْنِ الْمَنفُوشِ: “Ва кӯҳҳо монанди пашми задашуда рангин шавад” (Қориа/ 5). Чунин нишонае барои рӯзи қиёмат фаротар аз ҳодисаҳое аст, ки инсон таҷриба карда ва ё тасаввур мекунад.
Нуктаи дигаре, ки дар ин сура ба он таъкид шуда, ин аст, ки барои расидан ба биҳишт ва хушбахтӣ дар охират, бояд дар ин дунё талош кард ва ба гунае зиндагӣ ва рафтор кард, ки арзиши расидан ба биҳиштро дошта бошад; Ҳамонтавр, ки дар ин сура омада: مَنْ ثَقُلَتْ مَوازِینُهُ فَهُوَ فِی عِیشَهٍ راضِیَهٍ: «فَأَمَّا مَن ثَقُلَتْ مَوَازِينُهُ؛ فَهُوَ فِي عِيشَةٍ رَّاضِيَةٍ: “Аммо ҳар, ки санҷидаҳояш сангин барояд; Пас вай дар зиндагии хуше хоҳад буд” (Қориа/ 6 ва 7).
Инки дар ояти шашум, барои санҷиш ва арзёбии корҳои инсонҳо аз калимаи «мизон» (тарозӯ) ба сурати ҷамъ «мавозина» (тарозуҳо) истифода шуда, мумкин аст барои ин бошад, ки корҳои инсон бо абзорҳои мухталифе андозагирӣ мешавад ва ҳаркор, тарозуи махсус ба худро дорад.