IQNA

Сураҳои Қуръон / 104

Оташе, ки дар интизори айбҷӯён ва бадгӯён аст

18:22 - November 06, 2023
рақами хабар: 669
Теҳрон (ИКНА) бархе афрод тасаввур мекунанд ба далели доштани имконот ё ҷойгоҳи хоссе метавонанд дигаронро таҳқир ё масхара кунанд ин дар ҳоле аст, ки Худованд муҷозоти сангинеро барои чунин афроде дар назар гирифтааст.

 

Саду чаҳорумин сураи Қуръони Карим “Ҳумаза” ном дорад. Ин сура бо 9 оят дар ҷузът сиюм қарор гирифтааст. “Ҳумаза”, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул сию ва дувумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Ин сураро барои ин “Ҳумаза” меноманд, ки дар аввалин ояти он, ин калима ба кор рафтааст. Номи дигари ин сура, “Лумаза” аст. Ин калима низ дар ҳамин оят ба кор рафтааст. “Ҳумаза” ва “Лумаза” ба маънои касе аст, ки айби дигаронро мегӯяд ва ё пушти сари касе ҳарф мезанад.

Худованд дар ин сура моландӯзонеро, ки бо айбҷӯӣ аз мардум мехоҳанд бар онон бартарӣ биҷӯянд, таҳдид ба оташи хоркунанда мекунад.

Бархе аз муфассирон мӯътақиданд ин сура дар бораи касоне нозил шуда, ки пушти сари Паёмбари Ислом (с) суханони нодуруст мезаданд ва ё бадгӯӣ мекарданд. Гурӯҳи дигар онро дар мавриди ҷамъе донистаанд, ки мехостанд Паёмбари Ислом (с)-ро бадном кунанд.

Ин сура таҳдид шадиде барои касоне аст, ки ба ҷамъкрдани пул ва сарват алоқаи шадид доранд ва мехоҳанд бо сарвати бештар дигаронро таҳқир кунанд; Ба ҳамин далел дигаронро масхара мекунанд ва ё бар рӯйи онҳо айб мегузоранд. Онҳо тасаввур мекунанд ин сарват, онҳоро ҷовидона месозад; Дар ҳоле, ки чунин нест.

Ин сура бо калимаи “Вайл” оғоз мешавад, ки нафарине аст аз ҷониби Худо ва бадтарин нафарине аст, ки Худованд дар Қуръон баён кардааст. Ин нафарин барои касоне аст, ки дигаронро масхара мекунанд ва ё пушти сари дигарон айбгӯӣ мекунанд.

Худованд дар ин сура ваъда медиҳад, ки ин афрод дар «حُطَمَةِ» (оташи хурд кунанда) хоҳанд афтод; Оташе, ки ингуна муаррифӣ шудааст:

نَارُ‌ اللَّهِ الْمُوقَدَةُ؛ الَّتِي تَطَّلِعُ عَلَى الْأَفْئِدَةِ؛ إِنَّهَا عَلَيْهِم مُّؤْصَدَةٌ؛ فِي عَمَدٍ مُّمَدَّدَةٍ

“Оташи афрӯхтаи Худое аст; [оташи], ки ба дилҳо мерасад; Ононро дар миёни фаромегирад; [оташе, ки] дар сутунҳои дароз аст”. (Ҳумаза, 6 то 9).

Ин оташ « نَارُ‌ اللَّهِ » (оташи Худо) номида шудааст ва ба назар мерасад далели ин номгузорӣ барои нишон додани бузургии ин оташ аст.

Оташе, ки бар қалбҳояшон ворид мешавад ва тамоми қалбро мегирад зеро онҳо бо суханон ва ишораҳояшон қалбҳои дигаронро озор додаанд; Пас муҷозоташон ин аст, ки қалбҳояшон сӯзонда шавад.

Калимаи «حُطَمَةِ» (оташи хурд кунанда) фақат дар ин сура аз Қуръони Карим омадааст. Ин оташ аввал дар қалбҳо нуфуз мекунад ва дохили баднро месӯзоанд, ва сипас хориҷи баднро месӯзонад.

 

captcha