قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ اللَّهُمَّ رَبَّنَا أَنْزِلْ عَلَيْنَا مَائِدَةً مِنَ السَّمَاءِ تَكُونُ لَنَا عِيدًا لِأَوَّلِنَا وَآخِرِنَا وَآيَةً مِنْكَ وَارْزُقْنَا وَأَنْتَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ; “Исо ибни Марям гуфт: Парвардигоро, моро аз осмон моидае бифирист то ин рӯз барои мо ва ояндагон иди мубораке гардад ва нишонае аз раҳмати ту бошад, ки ту беҳтарин рӯзидиҳандагонӣ” (Моида, 114).
“Моида” ба маънои суфраи осмонии саршор аз рӯзӣ ва баракат аст, ки аз он таъбир ба моидаи маънавӣ шудааст. Ин дуое аст, ки шоистааст ҳамаи мардумон ба дил ва забон бо Парвардигори хеш замзама кунанд ва илова бар моидаҳои заминӣ, моидае низ барои рӯҳ аз осмон биталабанд, ки рӯзии хосси одамиён дар осмон аст.
Моидаи осмонӣ ё аз ҷинси ҳикмат ва маърифат ва доноӣ аст ё корҳои некӯ ва хидмат ба мардум аст, ки он низ моидаи осмонӣ ва хӯроки ҷони мост ва агар касе дар умри худ ба кори хайре напарозад ва дилеро шод накунад ва осоише фароҳам наоварад, аз дарун дучори заъф мешавад ва мемирад.
Барои расидан ба оромиши рӯҳонӣ бояд барномарезӣ кард ва аз ҷумла гомҳои муассир дар ҷиҳати нузули ингуна моидаҳои илоҳӣ, яке расидан ба ҳузури инсонҳои фарҳехта ва рӯҳонисифат аст ва аз гомҳои дигар, таҳия ва мутолиаи китобҳои хуб ва мутаолӣ ва низ омӯхтан аст.
Дуои нузули моидаро, ки дар ояти 114 ин сура омада, метавон ишора ба Қуръон донист, ки саросар моидаи осмонӣ аз некӯӣ ва зебоӣ ва ҳақиқат аст ва низ метавон гуфт, ки моидаи осмонӣ ҳамон калимоти қудсии ҳазрати Исо (а) аст, ки аз он ҳазрат ба ҷой монда ва ҳамаи башарият аз аввал ва охар метавонад ба завқи он моида муҳаббат, дасти якдигарро бифишоранд ва ба дурустӣ ва ростӣ ва шавқи хидмат ба якдигар, ҷашни меҳрубонӣ ва корвони сулҳ ва дӯстӣ ба роҳ андозанд.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.