وَمَنْ أَحْسَنُ قَوْلًا مِمَّنْ دَعَا إِلَى اللَّهِ وَعَمِلَ صَالِحًا وَقَالَ إِنَّنِي مِنَ الْمُسْلِمِينَ; “Ва кист хушгуфтортар аз он кас, ки мардумонро ба сӯи Худо мехонад ва кори некӯ мекунад ва мегӯяд ҳамоно, ки ман таслими Худованди Оламиёнам” (Фуссилат, 33).
Худованд дар ин ояти ба зоҳир кӯчак, рози бузургеро фош кардааст ва он ин аст, ки ҳар кас бихоҳад хушгуфтор ва ширинсухан бошад, роҳаш ин аст, кӣ:
Аввалан мардумро ба сӯи Худо даъват кунад, на ба хештан, чунонки баъзе аз даъваткунандагон ба сӯи Аллоҳ, ба он гирифтор шудаанд.
Дувум инки илова бар даъват ба сӯи Худованд, нисбат ба анҷоми корҳои некӯ, ки нишони сидқ ва ихлоси ишон аст, иқдом кунанд.
Севум онки дар ҳамаи рафторҳои ишон нишони ризоят аз Худо ва таслимшудан ба хости илоҳӣ ва пайравии онон аз ҳақ ва адолат, ошкор бошад.
Воизон ва даъваткунандагони риёкор дар мазоҳиби гуногун чун садоқат ва илм ва камоле надоранд, барои ҷазби мардум аз найрангҳои равонӣ баҳра мегиранд: садои худро ранг ва оби мутафовите медиҳанд ва лаҳни каломашонро мутакаббирона мекунанд, чунонки гӯӣ аз осмон бо замин сухан мегӯянд, ва чунон насиҳат мекунанд, ки гӯӣ худ ба куллӣ аз ҳар насиҳате бениёзанд.
Мумкин аст муддаиёни фиръавнсифат, муддати кӯтоҳ афродеро ҷазб кунанд ва ба хотири фиребҳо ва найрангҳо, сухани онҳо бар баъзе дилҳо бинишинад, аммо давом надорад ва ба тадриҷ расво хоҳанд шуд.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.