Ба гузориши ИКНА, ғурфаи бӯстони гиёҳони қуръонӣ дар намоишгоҳи боғбонии намоишгоҳи 2023 Доҳа шоҳиди ҳузури густурдаи боздидкунндагон буд.
Алоқамандон аз коргоҳҳои омӯзишие, ки тавассути мутахассисон дар заминаи парвариши сабзиҷот ба равиши осон ва ҳамчунин ошноӣ бо барҷастатарин гиёҳони зикршуда дар Қуръон ва аҳодис буд истиқбол карданд. Ҳузури боғи гиёҳшиносии Қуръони дар намоишгоҳи байналмилалӣ бо ҳадафи барҷаста сохтани талошҳои худ дар заминаи ҳифозати гиёҳон ва эҷоди фурсате барои умуми мардум барои ошноӣ наздик бо гунаҳои гиёҳӣ зикр шуда дар Қуръони Карим аст. Коршиносони боғ ҳамчунин чанд коргоҳи тахассусии кишоварзӣ баргузор мекунанд ва ҳамчунин барномаҳои саргармии омӯзиширо барои кӯдакон ба манзури афзоиши дониши онҳо ироа медиҳанд.
Муҳаммад Ҳасуна, муҳандиси боғбонӣ дар боғи гиёҳони қуръонӣ гуфт: боғи гиёҳшиносии қуръонӣ барномаи омӯзишии бузурге дорад ва теъдоди зиёде коргоҳи омӯзишӣ барои боздидкунндагон дар намоишгоҳи Доҳа бо ҳадафи омӯзиши мардум дар мавриди роҳои ҳифзи муҳити зист ва гиёҳон баргузор мекунад.
Дар боғи гиёҳшиноси Қуръонии Доҳаи Қатар гунаҳои гиёҳие, ки дар Қуръони Карим ва аҳодис ва суннат зикр шуда ба намоиш даромадааст. Бинт Носир, раиси бунёди Қатар, ин боғро дар соли 2008 ифтитоҳ кард. Бӯстони Қуръони Доҳа зермҷмуъаи муассисаи тарбият, улум ва тавсеаи ҷомеаи Қатар аст, ки бо ҳадафи тарвиҷи пайвастани ҷомеа ба умури зироъӣ ва боғбонӣ ва бо таъкид бар ҳимоят аз ҳифзи мудовими муҳити зист таъсис шудааст.