IQNA

Сураҳои Қуръон / 111

Тасвире аз сарнавишти душманони Ислом дар сураи Масад

18:04 - November 19, 2023
рақами хабар: 722
Теҳрон (ИКНА) дар чанд моҳи гузашта афроде ба сурати ошкор ба сӯзондани Қуръони Карим пардохтаанд; Иттифоқе, ки боиси эътирози густардаи мусулмонон дар кишварҳои мухталиф шуд. Чунин бархурдҳое ҳатман муҷозоти сахте аз ҷониби Худованд хоҳад дошт. Ҳамон хабаре, ки дар Қуръони Карим ба он таъкид шудааст.

Саду ёздаҳумин сураи Қуръони Карим “Масад” ном дорад. Ин сура бо панҷ оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Масад”, ки сураи макӣ аст дар тартиби нузул, шашумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Ин сураро ба далели инки охирин калимаи он, “Масад”  (таноби бофта шуда аз алёфи дарахти хурмо) аст, ба ин ном хонда мешавад. Ин вожа дар Қуръони Карим якбор омадааст.

Сураи Масад дар даврони даъвати ошкори Паёмбар(с) ба дини Ислом нозил шуд. Тамоми сураи Масад дар бораи шахсе ба номи “Абулҳаб” ва ҳамсари ӯ аст. Дар ин сура аз нобудии Абулҳаб ва корҳояш сухан гуфта мешавад ва онҳоро ба гирифторӣ дар азоби ҷаҳаннам таҳдид мекунад. Ин сура, танҳо сурае аст, ки дар он номи яке аз душманони Ислом омадааст. Мӯҳтавои сура нишон медиҳад, ки Абулҳаб ва ҳамсараш душмании зиёде бо Паёмбари Ислом (с) доштанд ва Паёмбар (с)-ро ба равишҳои мухталифе азият мекарданд.

Ин зан ва шавҳар аз душманони хосси Паёмбари Ислом (с) дар даврони даъвати мардум ба дини Ислом буданд. Онҳо ҳазинаҳои бисёре карданд то битавонанд роҳи густариши Исломро бигиранд. Барои ҳамин ин сура ба сурати комил онҳоро нафарин мекунад. Албатта бархе муфассирон мӯътақид ҳастанд, ки ин сура фақат нафарини Абулҳаб ва ҳамсараш нест, балки дар мавриди сарнавишти душманони Ислом хабар додааст ва Абулҳаб ва ҳамсараш намунае аз душманони Ислом муаррифӣ шудаанд.

Сураи Масад, Умми Ҷамил ҳамсари Абулҳабро бо иборати «حَمّالَة الحَطَب» (ҳамлкунндаи ҳезум) тавсиф кардааст. Муфассирон дар бораи инки чаро Қуръон ин иборатро дар бораи ӯ ба кор бурда, тафсирҳои мухталифе ироа додаанд; Аз ҷумла инки Умми Ҷамил хорҳои биёбонро ба дӯш мекашид ва замоне, ки Паёмбар (с) барои иқомаи намоз берун меомад, онҳоро пеши пойи ӯ мерехт то азият шавад.

Вижагии дигаре, ки ин сура барои ҳамсари Абулҳаб матраҳ карда ин аст, ки فِي جِيدِهَا حَبْلٌ مِنْ مَسَدٍ: “Бар гарданаш танобе аз лифи хурмост” (Масад / 5).

Бархе муфассирон мӯътақид ҳастанд ин вижагӣ марбут ба зиндагии дунёи ҳамсари Абулҳаб аст. Дар ҳоле, ки занон гарданбандҳои зебои тилоӣ бар гардан доштанд, ӯ гарданбанде аз нахҳое бар гардан дошт ва ин тасвир, навъе нигоҳи таҳқиромез ба зани Абулҳаб аст.

Бархе низ мегӯянд, ончи дар ин оят баён шуда, тасвире аз вуруди зани Абулҳаб ба ҷаҳаннам аст. Яъне дар ҳоле вориди ҷаҳаннам мешавад, ки гарданбанде аз нахҳое баргардан дорад ва ин тасвир метавонад намунае аз сарнавишти як зан ё марде бошад, ки бо Ислом душмании ошкор дорад.

captcha