IQNA

Сураҳои Қуръон / 113

Паноҳ бар Худо аз шарри махлуқоти Худованд

20:17 - November 21, 2023
рақами хабар: 730
Теҳрон (ИКНА) инсонҳо бо гирифториҳо ва сахтиҳои зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд, аммо бархе гирифториҳо ба дасти худи инсон нест ва мавқеъиятҳои мухталифе барои ӯ эҷод мекунад ва дар сурате, ки ҳеҷ дарке аз мавқеият надорад худро дар як гирифтории шадиде мебинад.

Саду сездаҳумин сураи Қуръони Карим “Фалақ” ном дорад. Ин сура бо 5 оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Фалақ”, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, бистумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Ин сураро “Фалақ” номидаанд чаро, ки дар аввалин оят, ин калима омадааст. Фалақ ба маънои аввал субҳ ва сапедадам аст.

Дар нахустин оят ба Паёмбар (с) дастур медиҳад, ки ба Худо паноҳ бибарад: قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ: “Бигӯ паноҳ мебарам ба Парвардигори сапедадам”.

“Фалақ” ба маънои шикофтани чизе ва ҷудо кардани чизе аз чизи дигаре аст. Аз онҷо, ки дар замони субҳ, сиёҳии шаб шикофта мешавад, ин калима ба маънӣ тулӯъи субҳ ба кор рафтааст.

Ин дастур дар ояти дувум идома пайдо мекунад ва ба Паёмбар (с) мефармояд: مِن‌ شَرِّ ما خَلَق‌َ: “Аз шарри ончи офарида шуда”. Ончи дар ин оят омада ба маънои ин нест, ки офариниши Худованд ҳамроҳ бо шар ва бадӣ аст; Балки замоне шар ба вуҷуд меояд, ки махлуқот аз қавонини офариниш мунҳариф мешаванд ва аз масири мушаххас шуда хориҷ мешаванд.

Дар ояти баъд ин дастур комил мешавад: وَمِنْ شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ: “Ва аз шарри торикӣ чун фарогирад”. “Ғосиқ” ба маънои оғози торикии шаб ва вақте, ки нури хуршед нопадид мешавад, аст. Иллати нисбат додани шар ба шаб ин аст, ки шаб бо торикиаш имкони расондани шаррро бештар мекунад ва инсон дар шаб қудрати дифоъи камтаре дорад. Вале баъзе муфассирон калимаи “Ғосиқ”-ро ба маънои ҳар шрре донистаанд, ки ба самти инсон меояд.

Дар идома хатари дигареро барои инсон баён мекунад: وَمِنْ شَرِّ النَّفَّاثَاتِ فِي الْعُقَدِ: “Ва аз шарри дамандагони афсун дар гиреҳ‏ҳо”. “Наффосот” ба маънии рехтани миқдори каме аз оби даҳон аст ва аз онҷо, ки ин кор бо дамидан анҷом мешавад”, «Наффосот» ба маънии «дамидан» низ омадааст.

Бисёре аз муффассирон «наффосот»-ро ба маънии «занони ҷодугар» тафсир кардаанд. Онҳо ҷумлаҳоеро замзама мекунанд ва дар гиреҳҳо медаманд то битавонанд ҷоду кунанд. Албатта иддае аз муффассирон низ онҳоро васвасагар медонанд, ки пушти сариҳам дар гӯши мардон, махсусан ҳамсарони худ, ҳарфҳое мезананд то тасмимҳои мардонро тағйир диҳанд.

Охирин хатаре, ки барои инсон дар ин сура баён шуда, ҳасодат аст. Ҳасад аз бадтарин ва зишттарин вижагиҳои инсон аст ва қарор гирифтани он дар канори соири бадиҳо ва шарҳо нишон медиҳад, ки чиқадр метавонад барои инсон хатарнок бошад.

captcha