IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 10

Дастранҷи рафторҳои хуб ва бади инсон барои ӯ

17:25 - November 22, 2023
рақами хабар: 736
Теҳрон (ИКНА) ҳушмандтарин мардум касоне ҳастанд, ки дар меёбанд; аввалан хубӣ беҳтар аз бадӣ аст ва сониян ҳар, ки хубиро анҷом диҳад, натиҷаи он, пеш аз ҳама барои худи ӯст.

Яке аз нуктаҳои рӯҳонии Қуръон, гуфтугӯе аст, ки аз Мӯсо дар кӯҳи Тур нақл шудааст. Ин ӯст, ки аз тариқи ваҳй бо мо сухан мегӯяд ва бартарин калимаи ҳикматро дар ҷон ва дар гӯши мо фурӯ мехонад ки эй одамиён бидонед, ки ҳар хубӣ ва эҳсон, ки кунед, эҳсоне аст, ки ба худ кардаед ва ҳар бадӣ аз шумо ояд он низ бар шумо ояд.

Нуктаи зариф ва дақиқе дар каломи Худованд омадааст, ки вақте аз хубӣ сухан мегӯяд, доманаи он васеъ ва густурдааст, аммо бадиро дар ҳадди ақали калом баён мекунад; Гӯё намехоҳад аз бади ҷуз ба ишора сухан гӯяд. Ба ҷумлаи зер нигоҳ кунед:

إِنْ أَحْسَنْتُمْ أَحْسَنْتُمْ لِأَنْفُسِكُمْ وَإِنْ أَسَأْتُمْ فَلَهَا; “Эй мардумон, бидонед, ки агар некӣ ва эҳсон кунед албатта ба худ кардаед ва агар бадӣ ва ситам кардед боз ба нафси худ кардаед” (Исроъ7).

Мушоҳида мешавад, ки ҷумлаи марбут ба хубӣ, ҳам дар талаффуз ва ҳам дар теъдоди калимот, бар бади бартарӣ дорад, ба хусус, ки калимаи «احْسَنْتُمْ» ду бор бо кашиши хос такрор шуда ва ин нишони ишқ ба хубӣ аст, чунонки гӯё касе мегӯяд: аҳсант, аҳсант, аммо аз меҳрубонӣ, дилаш намеояд, ки исми бадиро ҷуз ба калимаи кӯтоҳ бар забон биёварад.

Дарки ин робита миёни хубӣ ва бадӣ ва нафси одамӣ шояд бузургтарин дарси ахлоқ дар ҷаҳон аст ва агар касе инро намефаҳмад, дигар донистаҳои ӯ ба кор намеояд ва ҳушмандтарин мардум касоне ҳастанд, ки дармеёбанд, ки аввалан хубӣ беҳтар аз бадӣ аст ва сониян ҳар, ки хубиро анҷом диҳад бо нафси худ хубӣ кардааст.

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

captcha