قُلْ لِمَنْ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ قُلْ لِلَّهِ كَتَبَ عَلَى نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ لَيَجْمَعَنَّكُمْ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ لَا رَيْبَ فِيهِ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ; “Бигӯ (эй Пайғамбар) ончи дар осмон ва замин аст аз они кист? Ва бозгӯ, ки албатта осмон ва замин ҳама малики Худост, ки лутф ва раҳматро бар хеш фарз кардааст. Ӯ бегумон ҳамагӣ шуморо дар рӯзи қиёмат, ки шаке дар вуқӯъи он нест, бо ҳам гирд меоварад, аммо касоне, ки худро ба фиреби дунё дар зиён афкандаанд, бадон рӯз имон намеоваранд. (Анъом, 12).
Ин оят мегӯяд, ки Худованд раҳмат ва баракатро бар худ воҷиб шумурдааст ва ба иборати дигар калимаи раҳматро бар нафси вуҷуди хеш нигоштааст ва чун зоти Ӯ асос ва вуҷуди ҳамаи мавҷудоти ҷаҳон аст, раҳмати Ӯ низ ҳамаҷо ҳузур дорад, аммо муҳиммтарин раҳмати Худованд ин неъматҳо ва хайроте, ки мардум дар ҷаҳон метлбанд, нест.
Албатта неъмати чашм ва гӯш ва ақл ва ҳуш ва зебоӣ зоҳир ва ботини ҳама азиз аст, аммо бузургтарин раҳмати Худованд бар одамиён ин аст, ки онҳоро дар нимаи роҳ раҳо намекунад ва ба нобудӣ намефиристад, балки ҳамаро дар ҷаҳони охират, толоре ба вусъати бениҳоят гирд меоварад.
Ин ваъдаи илоҳӣ аст, ки дилҳоро шод мекунад ва ба ҳазор хайр ва хубӣ мекашонад ва бидуни ин раҳмат, раҳматҳои дигар ҳама аз қадр ва манзилт меафтанд, зеро гузари замон онҳоро аз байн мебарад ва чиқадр зиёнкоранд мардуме, ки ба вуҷуди чунин рӯзе имон намеоваранд ва худро аз баракоти ин бишорат, ки мояи рушд ва такомул ва шодӣ ва саодати дунё ва охирати ишон аст, маҳрум мекунанд.
Нуктае, ки аз ин оят метавон дарёфт, ин аст, ки одамиён низ метавонанд монанди Парвардигорашон раҳмат ва баракатро бар вуҷуди худ таклиф кунанд. Яъне саропо ҷӯд ва бахшиш ва хидмат шаванд, на онки танҳо номи муқаддасеро ба одат бар забон оваранд ва ба амёли нафсонии худ бипардозанд. Ҳақиқати маънии бисмиллоҳ, табаллвури раҳмат ва муҳаббат дар зоти гӯяндааст.
Агар касе дар оғози корҳо номи Парвардигори раҳмон ва раҳимро ба забон ва ёд меоварад, мекӯшад, ки кораш ҳар чӣ ҳаст, мояи раҳмат ва баракат бошад. Агар сухане мегӯяд, мояи маърифат ва мавъиза гардад ва агар китобе менависад, рушд ва салоҳи мардумон дар он бошад ва агар ба ҳар ҳирфае ва пешае даст мезанад, дар дилаш он бошад, ки мардумон аз кори ӯ ба осоише расанд.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.