IQNA

Қуръон чист? / 6

Нуре, ки ҳаргиз хомӯшӣ надорад

16:06 - December 04, 2023
рақами хабар: 784
Теҳрон (ИКНА) тамоми манобеи нуре, ки дар ин дунё дорем билохира як рӯзе тамом мешаванд, ҳатто хуршед ҳам дар қиёмат нури худро аз даст хоҳад дод ва хомӯш хоҳад шуд. Аммо дар ин байн Худованд аз чизе дар Қуръон ном мебарад, ки нури он тамом шуданӣ нест.

Дар Қуръон ояте дорем, ки дар ибтидои он умуми мардуми ҷаҳонро мухотаби худ қарор медиҳад ва мегуеяд: يا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جاءَكُمْ بُرْهانٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَ أَنْزَلْنا إِلَيْكُمْ نُوراً مُبِيناً; “Эй мардум! далели равшан аз тарафи Парвардигоратон барои шумо омад; Ва нури ошкоре ба сӯи шумо нозил кардем”. (Нисо, 174)

Дар ин оят ду истилоҳ дорем: яке «далели равшан» , ки иборате муодили «бурҳон» дар забони арабӣ аст ва дигарӣ «нури ошкор» , ки арабии он «нури мубино» аст. Тибқи ривоёт, манзур аз «бурҳон» шахси Паёмбар ва мурод аз «нури мубин», Қуръон аст. Ва ба ростӣ, ки Паёмбар, бурҳон ва далели дин аст, зеро касе, ки дарснахонда, чунин маориф ва китоберо оварда ва ҳарчӣ замон мегузарад ва улум рушд ме‏кунад, ҳаққонияти дин ва умқи таолимаш равшан‏тар ме‏шавад.

Саволе, ки эҳтимол дорад матраҳ шавад ин аст, ки магар худи нур ошкор нест? Чаро, ки мо бо чашммон метавонем нурро ба таври возеҳ бубинем, пас чаро дар ин оят ишора мекунад, ки Қуръон нури ошкор аст?

Қуръон нуре аст, ки илова бар равшании зотӣ ва даруние, ки дорад, равшангари ғайр аз худаш ҳам ҳаст. Монанди чароғҳое, ки дар хиёбонҳо вуҷуд дорад ва инсонҳо то замоне, ки он чароғҳо равшан аст, метавонанд ба масири худ идома бидиҳанд, аммо ҳамин, ки нури ин чароғ аз онҳо гирифта шавад, дар кори худ ба мушкил бархурд мекунанд.

Дар ҳақиқат Қуръон ҳам ҳамин ҳолатро дорад ва агар нури Қуръон аз инсонҳо гирифта шавад, инсонҳо роҳро гум мекунанд ва наметавонанд ба мақсад бирсанд.

Худованд дар ин оят ва ояти баъдӣ, аввал ва охири ин нурро мушаххас карда: «مِنْ رَبِّكُمْ» яъне ин нур аз ҷониби Худост ва нуқтаи оғози ин нур Парвардигори шумост ва дар ояти баъд мефармояд: فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَ اعْتَصَمُوا بِهِ فَسَيُدْخِلُهُمْ فِي رَحْمَةٍ مِنْهُ وَ فَضْلٍ وَ يَهْدِيهِمْ إِلَيْهِ صِراطاً مُسْتَقِيماً; “Аммо онҳо, ки ба Худо имон оварданд ва ба ин (китоби осмонӣ) чанг заданд, базудӣ дар раҳмати густурдаи худ ворид хоҳад кард, ва аз фазл ва раҳмати хеш бар подоши онҳо хоҳад афзуд ва ба сироти мустақим ва роҳи рост ҳидояташон мекунад”. (Нисо, 175)

Яъне «имон» ва «чанг задан ба нури Қуръон», инсонро аз раҳмати илоҳӣ баҳраманд ме‏кунад ва замина‏сози ҳидояти беш‏тари ӯ тавассути Худо аст, ки дар ниҳоят ба биҳишт ва неъматҳои бепоёнаш хатм мешавад.

Манзур аз «тамассук ба нури Қуръон» дар ин оят, ки баён шуд, таваҷҷуҳ ба маорифи он ва иҷрои барномаҳои саодат бахши Қуръон дар зиндагӣ аст, ки инсонро ба роҳи мустақим ҳидоят мекунад.

captcha