IQNA

Таъкид бар ҳимоят аз Фаластин дар дидори ҳайате аз Ватикан бо намояндаи Систонӣ

21:15 - December 06, 2023
рақами хабар: 794
Ироқ (ИКНА) намояндаи марҷаъияти динии Ироқ дар истиқбол аз намояндаи раҳбари католикҳои ҷаҳон ва ҳайати ҳамроҳи вай бар ҳимоят аз миллати Фаластин дар баробари таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ таъкид карданд.

Намояндаи Попи Ватикан ва ҳайати ҳамроҳаш рӯзи сешанбе бо ҳузур дар манзили шайх Абдулмаҳдии Карбалоӣ дар Карбалои Муқаддас аз вай аёдат карданд ва ҷӯёӣ вазъияти саломатии вай пас аз амали ҷарроҳӣ шуданд.

Намояндаи марҷаъияти олиқадри динии Ироқ дар ин дидор ба мавзӯъи мазлумияти имом Ҳусайн (а) ва ончи дар Карбало иттифоқ афтод ва ҷойгоҳи бархе аз пайравони дини масеҳият дар ёрӣ аз мазлумият ва қиёми имом Ҳусайн (а) пардохт.

Шайх Абдулмаҳдии Карбалоӣ мавзеъгирии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дар мавриди ончи, ки мардуми Фаластин дар Ғазза бо он мувоҷеҳ ҳастанд, хостор шуд ва гуфт: мо дар канори мазлумон дар ҳар ҷойи дунё истодаем, ҳамонтавр, ки дар қиболи зулм ва ситам ва наслкушие, ки бар мардуми Фаластин омадааст, истодаем.

Вай идома дод: мо мазлумияти мардуми Фаластин дар Ғазза ва кушташудани ҳазорон нафар аз онҳоро дарк мекунем, ба вижа инки тибқи ончи созмонҳои байналмилалӣ эълом кардаанд 70 дарсади қурбониён зан ва кӯдак ҳастанд.

Шайх Абдулмаҳдии Карбалоӣ таъкид кард: мавозеъи башардӯстона эҷоб мекунад, ки аз миллати мазлуми Фаластин дар баробари масоибашон ҳимоят кунем. 

Шайх Абдулмаҳдии Карбалоӣ суханони худро бо ташаккур ва қадрдонӣ аз ҳайат ба хотири мутаҳаммил шудани заҳмати сафар ба поён расонд ва аз онҳо хост салом ва дуруди ӯро ба Попи Ватикан бирасонанд.

https://iqna.ir/fa/news/4186134

captcha