Ба гузориши ТоҷикПресс, дафтари иттилоотии давлат дар Ғазза эълом кард, ки теъдоди шаҳидони Навори Ғазза аз ҳафтуми октябр то ҳол (тайи ду моҳи гузашта) ба 16 ҳазору 248 нафар расид.
Дафтари иттилооти давлат дар Ғазза ҳамчунин эълом кард, ки артиши режими саҳюнистӣ аз замони поёнёфтани оташбас дар Ғазза муртакиби 77 маврид ҷинояту куштор алайҳи фаластиниён шудааст, ки дар натиҷаи он 1 ҳазору 240 нафар ба шаҳодат расиданду шумори шуҳадо низ ба 16 ҳазору 248 нафар афзоиш ёфт.
Бино бар гузориши шабакаи Ал-минор, дафтари иттилооти давлат дар Ғазза хостори воридоти фаврии таҷҳизоти кумакрасонӣ ба Навори Ғазза ва таъмини таҷҳизоти лозим барои тимҳои дифои маданӣ барои хориҷ кардани пайкарҳои шаҳидон аз зери овораҳо шуд.
Дафтари иттилооти давлат дар Ғазза ҳамчунин аз кишварҳои арабӣ хост то бемористонҳои саҳроӣ барои муолиҷаи захмиҳо ба Ғазза ворид кунанд.
Бар асоси ин гузориш, режими саҳюнистӣ аз оғози ҷанг алайҳи Ғазза, 121 мақарри давлатиро тахриб карда ва 69 мактаб ба таври куллӣ аз чархаи хизмат хориҷ шудааст.
https://tajikpress.com/2023/12/06/