يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا قَوَّامِينَ لِلَّهِ شُهَدَاءَ بِالْقِسْطِ وَلَا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ عَلَى أَلَّا تَعْدِلُوا اعْدِلُوا هُوَ أَقْرَبُ لِلتَّقْوَى وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ; “Эй аҳли имон, дар роҳи Худо пойдор ва устувор бошед ва бар адолат ва ростӣ гувоҳӣ даҳед ва мабодо, ки адоват ё кудурати гурӯҳе шуморо ба ҷурм бикашонад, ки аз адолат хориҷ шавед балки бояд адолат ва ростӣ кунед, ки он ба тақво наздиктар аст ва аз Худо парво кунед ҳамоно, ки Худо ба ҳар ончи мекунед огоҳ аст” (Моида, 8).
Худованди ҳастӣ бо онон, ки ба ҳастии Ӯ имон доранд, бевосита сухан мегӯяд ва ҳар муъмине метавонад дар ғори Ҳарои танҳоӣ хеш оятро мустақим бишинавад ва ба гӯш гирад. Ин фармонҳои шоҳона аст, ки пайравияш инсонҳоро подшоҳ мекунад.
Кадом подшоҳ бидуни тоҷи адолат ва инсоф шукӯҳ ва ҷалоле доштааст ва кадом шаҳрёр ба иқтидор расидааст, ки вақте сухан мегӯяд ва қазоват мекунад ҳеҷ гуна кудурат ва хусумати пешинаро дар назар наоварда ва холӣ аз ҳар таассуби қавмӣ ва қабилӣ ва динӣ ва оинӣ дар канори ҳақ ва адолат биистад. Подшоҳи ҳақиқӣ чунин касе аст. Агар чунин подшоҳоне дар ҷаҳон будаанд, ки бад-ин мақом расидаанд тоҷи подшоҳии ишон ҳамон адл ва инсоф будааст.
Хитоби оят бо аҳли имон аст ва агар пурсанд «аҳли имон, ки Худо ва қиёматро тасдиқ карданд чӣ ниёз ба тарғиб ва ҳидоят ва ба сӯи адолати некӯ ва тақво доранд?»
Посух ин, ки дар ин оят ҷавҳари имон таъриф ва тафсир мешавад то мардум бидонанд, ки лавозими имон чист ва аз ин рӯ ҳар гоҳ аз адл ва қист ва инсоф дӯрӣ кунанд дар шумори аҳли имон нахоҳанд буд. Дар ин ояти кӯтоҳ аҳли имонро чандин тавсия шудааст: яке онки пайваста такя бар Худо кунанд ва ба ҳар кор, ки бархезанд барои Худо бархезанд ва қасд ва нияти ишон дар ҳар коре ризои Худо бошад ва он вақте ҳосил мешавад, ки он кор дар ҷиҳати найл ба яке аз авсофи камол ва ҷамоли илоҳӣ анҷом гардад.
Дувум инки фармуд: Эй муъминон, ба қист ва адолат гувоҳӣ диҳед зеро гувоҳи додан бар ҳақ ва адолат низ дар шумори вазоифи аҳли имон ва қиём барои ризои Худост, ки муҳиммтарин мақсуди иҷтимоӣ дин эҳрози адолат ва эҳсон аст. Нуктаи севум аз насойеҳи қуръонӣ аст, ки мефармояд ҳаргиз мабод, ки кина ва кудурат ва душманӣ бо қавме шуморо ба ҷурм бикашонад, ки дар ҳаққи ишон ба сабаби он душманӣ аз роҳи инсоф ва адолат хориҷ шавед. Ва ин хатое аст, ки ҳар рӯз бисёр рух медиҳад ва гоҳ одамиён ба сабаби ҳамон ҳиҷоби кудурат ин хаторо савоб мепиндоранд.
Дар равобити хонаводагӣ, дар равобити иҷтимоӣ ва шуғлӣ ва иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳама ҷо имкон вуқӯъи ин хато ҳаст ва камтар касе ин иқтидор ва тасаллут бар нафс ва инсофро дорост, ки ҳаққро ба сабаби кудурат ва ихтилофи назар ё таассуби амри дигарие, ки марбут бадон ҳақ намешавад зери по нагузорад.
Нуктаи чаҳорум фармони сареҳи اعدلوا (Адолат кунед) омадааст, ки боз таъкид дар ҳамон нуктаи севум аст, ки агар беинсофӣ кунед аз роҳи тақво ва парҳезгорӣ берун хоҳед рафт ва нуктаи панҷум ин аст, ки бидонед, ки Худованд бар ончи мекунед огоҳ аст ва шумо пайваста дар зери нигоҳи Ӯ ҳастед ва ин мояи шарми ҳузур мешавад ва аз инҳироф мекоҳад.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.