Яке аз сифоте, ки Худованд онро ба Қуръон нисбат дода устувор будани он аст: رَسُولٌ مِنَ اللَّهِ يَتْلُوا صُحُفاً مُطَهَّرَةً فيها كُتُبٌ قَيِّمَةٌ; “Паёмбаре аз сӯи Худо (биёяд), ки саҳифаҳои покеро (бар онҳо) бихонад ва дар он навиштаҳои устуворе бошад”. (Баййина, 1-2)
«قَيِّمَةٌ» ба маънои мустақим, маҳкам, арзишманд ва гаронбаҳост. «قَيِّم» ба касе мегӯянд, ки дилсӯз аст ва ба масолеҳи дигарон қиём мекунад ва «قَيِّمَةٌ» нишон аз бузург шумурдани ин истеҳком ва устуворӣ аст.
Мумкин аст замоне бигӯем Қуръон гаронбаҳо аст, ки дар ин мисол фақат як сифатро ба Қуръон нисбат додем, вале дар ҷойи дигар мегуйем Қуръон гаронбаҳотарин китобе аст, ки то алон дидаем, дар ин ҳолат илова бар инки ҳамон сифатро ба Қуръон нисбат додаем, онро бузургтар аз як сифат ҳам нишон медаҳем, дар ин оят ҳолати дувум рух додааст.
Хстувор будани Қуръонро метавон аз ду ҷиҳат баррасӣ кард.
Бинобар ин ояти "كتب" ба маъни "мактубот" аст ва ба маънои аҳком ва муқаррароте, ки аз ноҳияи Худованд таъйин шудааст, ва дар кул ишораи оят ба ин маъност, ки дар ин китоби осмонӣ матолибе навишта шуда, ки аз ҳаргуна инҳироф дӯр аст.
Худованди Мутаол дар оёти дигаре ин ҳақиқатро ба вузӯҳ баён карда ба унвони мисол дар ояти 9 сураи Ҳиҷр мефармояд: إِنَّا نحَنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَ إِنَّا لَهُ لحَافِظُون; “Албатта мо Қуръонро бар ту нозил кардем ва мо ҳам ӯро (аз осеб) маҳфуз хоҳем дошт”. (Ҳиҷр, 9)
Ва ҳамчунин дар ояти дигар мефармояд ҳеҷ чизе на дар гузашта ва на дар оянда наметавонад ин Қуръонро аз байн бибарад: لَّا يَأْتِيهِ الْبَاطِلُ مِن بَينْ يَدَيْهِ وَ لَا مِنْ خَلْفِهِ تَنزِيلٌ مِّنْ حَكِيمٍ حَمِيد; “Аз пеши рӯйи он ва аз пушти сараш ботил ба суяш намеояд; Ваҳй [номае] аст аз ҳакими сутуда [сифот]” (Фуссилат, 42)
Қуръон илова бар такомул ва пешрафти фардӣ, бар пешрафт ва истеҳкоми ҷомеа ҳам таъкиди зиёде дорад, аз ин рӯ ба нукот ва вуҷӯҳи зиёде ишора мекунад, ки боиси истеҳком ва ваҳдати ҷомеа мешавад. Ба унвони мисол ба ду маврид ишора мекунем:
Адолат: إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَ الْاحْسَنِ وَ إِيتَاى ذِى الْقُرْبىَ وَ يَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَ الْمُنكَرِ وَ الْبَغْىِ يَعِظُكُمْ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُون; “Худованд ба адл ва эҳсон ва бахшиш ба наздикон фармон медиҳад; Ва аз фаҳшо ва мункар ва ситам, наҳй мекунад; Худованд ба шумо андарз медиҳад, шояд мутазаккир шавед!” (Наҳл, 90)
Адолат аз ҷумла усуле аст, ки ба корбастани он сабаби қивом ва пойдории иҷтимоъ аст, ва бо иҷрои он ҳаққи ҳар кас адо шуда ва роҳи таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон баста мешавад, танзими равобити солими иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳокимияти завобит ва қавонини илоҳӣ дар ҷомеаи исломӣ, танҳо дар сояи адолат муяссар аст.
Манъи рибо: يَمْحَقُ اللَّهُ الرِّبَواْ وَ يُرْبىِ الصَّدَقَاتِ وَ اللَّهُ لَا يُحِبُّ كلُ كَفَّارٍ أَثِيم; “Худованд, риборо нобуд мекунад; Ва садақотро афзоиш медиҳад! ва Худованд, ҳеҷ инсони носипоси гунаҳкореро дӯст намедорад”. (Бақара, 276)
Рибо дар муомила ба маънои зиёдат аз асли мол гирифтан аст, рибохорон дар Қуръон мавриди лаъни Худо қарор гирифтаанд.
Яке аз усули дигаре, ки боиси ҳифзи ҷомеа мешавад адами ривоҷи рибо дар миёни мардум аст, ҳамонқадре, ки рибо боиси ихтилоф дар ҷомеа аст садақа ва инфоқ боиси истеҳкоми он аст, ба ин далел, ки моли рибо бо аз байн бурдани моли дигарон, изофа ва чандбаробар мешавад дар ҳоле, ки дар инфоқ ва садақа натанҳо моли касе аз байн намеравад балки ба далели нияти поке, ки пушти он аст Худованд ба баракати он меафзояд.