مِنْ أَجْلِ ذَلِكَ كَتَبْنَا عَلَى بَنِي إِسْرَائِيلَ أَنَّهُ مَنْ قَتَلَ نَفْسًا بِغَيْرِ نَفْسٍ أَوْ فَسَادٍ فِي الْأَرْضِ فَكَأَنَّمَا قَتَلَ النَّاسَ جَمِيعًا وَمَنْ أَحْيَاهَا فَكَأَنَّمَا أَحْيَا النَّاسَ جَمِيعًا وَلَقَدْ جَاءَتْهُمْ رُسُلُنَا بِالْبَيِّنَاتِ ثُمَّ إِنَّ كَثِيرًا مِنْهُمْ بَعْدَ ذَلِكَ فِي الْأَرْضِ لَمُسْرِفُونَ; “Мо ба ин сабаб бар фарзандони Исроил ҳукм кардем, ки ҳар кас нафасеро бидуни ҳаққи қисос ё бидуни эҷоди фасод ва фитна дар рӯи замин ба қатл расонад монанди он бошад, ки ҳамаи мардумро куштааст ва ҳар, ки нафасеро ҳаётӣ бахшад ва аз марг наҷот диҳад мисли он аст, ки ҷамеъи мардумро зиндагӣ бахшида бошад ва ҳар ойина расулони мо ба сӯи халқ бо далоил ва мӯъҷизот мабъус шуданд, аммо бисёре аз мардумон баъд аз дарки ҳаққонияти расулон, дар замин ба исроф ва саркашӣ пардохтанд”. (Моида, 32).
Худованд ҳикмати шигифт таълим медиҳад ва он ин аст, ки агар касе инсонеро, ки мустаҳаққи қисос нест, ба қатл расонад, гӯӣ ҳамаи мардумонро куштааст ва агар ҷони инсонеро аз марг наҷотдиҳад, гӯӣ ҳамаи мардумонро ҳаёт бахшидааст. Зеро куштани як инсон, куштани инсоният аст, чунонки куштани як китоби хуб, куштани фарҳанг аст. Дар инҷо миқдор матраҳ нест, балки худи кор матраҳ аст.
Ҷинояткоре, ки кӯдакеро аз хонаводааш мерубояд, тамоми модарони ҷаҳонро музтариб мекунад ва гӯӣ ҳамаи кӯдакони ҷаҳонро аз модаронашон рубудааст. Ҳамчунин наҷоти ҷони як инсон, ҳурмат ниҳодан ба ҳаёти одамӣ аст ва дар соири шъун низ чунин аст. Он кас, ки аз ҳаққи мазлуме дифоъ мекунад, ба ҳақиқат аз мутлақи ҳақ аст, ки дифоъ мекунад.
Ин оят пас аз достони фарзандони одам, Ҳобил ва қобил омадааст. Ба ривояти Қуръон, Ҳобил ва Қобил ҳар ду барои Худо қурбонӣ карданд. Худованд қурбонии Ҳобилро пазируфт ва қурбонии Қобилро напазируфт. Қобил ба бародар гуфт: «Ҳамоно, ки ман туро хоҳам кушт». Ҳобил гуфт: «Агар ту барои куштани ман даст дароз кунӣ, ман ба куштани ту даст нахоҳам гушӯд. Ман аз Парвардигори хеш дар ҳаросам» ва билохира Қобил Ҳобилро кушт.
Ин нахустин қатл ва нахустин иқдом ба куштани инсоният буд, зеро он бародар мақоми инсонро дар дунё ва азамат ӯро дарк накард ва ҷони ӯро гирифт ва ҳувияти инсониро сарбурид илова бар онки агар Ҳобил зинда мемонд метавонист ҷаҳонро пур аз одамиён кунад. Пас бад-ин маънӣ низ қобил ҷони оламиро гирифт ва ин ҳикояти як ҳақиқати мустамари таърих аст ва ҳар қотиле ҳамон Қобил аст, ки ҷони Ҳобилро гирифт.
Худованд дар поён ёдоварӣ мекунад, ки касоне, ки ба ин гуноҳи бузург яъне куштани инсони бегуноҳ даст заданд, ба хубӣ ҳурмати ин ҷиноятро медонистанд. Ҳам аз фитрати илоҳии хеш ва ҳам аз расулоне, ки Худованд бар наҳйи чунин зулме фиристода буд ва ба ҳақиқат ҳуҷҷат бар золимон тамом аст.
Бо ин ҳама, бисёре аз мардум ба сабаби ҳавоҳои нафсонӣ (ва на ҷаҳл ва бехабарӣ) дар замин ба исроф ва таҷовуз ба ҳуқуқи якдигар даст мезананд ва на ҷони як нафар, ки аз ҷони ҳазорон танро ба хотири манофеи шахсӣ ва гурӯҳӣ меситонанд ва пешгӯӣ фариштагонро, ки гуфтанд инсон дар замин фасод ва хунрезӣ хоҳад кард ва орзӯи шайтонро, ки гуфт ҳамаи одамиёнро гумроҳхоҳам кард таҳаққуқ мебахшанд.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.