Ба гузориши рӯзномаи Арабистон, фарҳангсарои маҳаллаи Ҳаро дар поин дасти кӯҳи Нур дар секилометрии шаҳри Маккаи Мукаррама эълом кард, ки ба муносибати рӯзи ҷаҳонии кӯҳистон бахшни нахусти масири ҷадиди баромадан ба ғори Ҳаро аз тариқи як роҳи асфалт дар Ҷабалуннур ифтитоҳ шуд, ки муддат замони баромадани зоиронро ба 15 дақиқа коҳиш додааст.
Мақомоти Саудӣ пеш аз ин эълом кардабуданд, ки бо як барномаи ҷадид, ки ба гуфтаи онҳо гардишгарӣ ва мероси фарҳангии ин кишварро ғанӣ мекунад, масири ҷойгузини масири кунунӣ хокӣ, борик ва пур печу хам ва хатарнок ба ғори Ҳароро эҳдос кардааст.
Фарҳангсарои маҳаллаи Ҳаро шомили як маркази истиқбол аз зоирон ва намоишгоҳи ривояти ваҳй ва музаи Қуръони Карим шомили нафистарин нусхаҳои хаттии Қуръони Карим ва бахшҳои фарҳангӣ ва гардишгарӣ барои зоирони Ҳаҷ ва Умра аст.
Ба гуфтаи масъулини Саудӣ ба думболи ифтитоҳи ин масир васоили нақлияи рафту баргашт ҳам барои баромадани зоирон ва гардишгарон дар масири ҷадид муҳаё мешавад ва масири қаблӣ баста хоҳад шуд. Ҳамчунин солмандон низ ба роҳатӣ қодир хоҳанд буд бо истифода аз ин масир роҳии кӯҳи Нур ва зиёрати ғори Ҳаро шаванд.
Ин танҳо роҳи мунтаҳӣ ба ғор хоҳад буд ва алоим ва тоблуҳое барои роҳнамоӣ обирон ва маконҳое барои истироҳат ва иқдомоте барои амнияти тараддуд аз ҷумла насби дӯрбинҳои кантрол ба кор гирифта шудааст.
Холид Файсал, амири минтақаи Маккаи Кукаррама бо судури фармоне дастури тавсеаи ду барноми ғорҳои Ҳаро ва Савр дар шаҳри Маккаро соли 1399 содир карда буд ва бо таваҷҷуҳ ба шуюъи вируси корона ва фурсати набуди зоир, хостори суръат бахшидани ҳарчи бештар дар иҷрои ин барномаҳо шуд.
Филми ин масири ҷадидро дар идома мушоҳида мекунед.