وَسَارِعُوا إِلَى مَغْفِرَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ وَجَنَّةٍ عَرْضُهَا السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ أُعِدَّتْ لِلْمُتَّقِينَ * الَّذِينَ يُنْفِقُونَ فِي السَّرَّاءِ وَالضَّرَّاءِ وَالْكَاظِمِينَ الْغَيْظَ وَالْعَافِينَ عَنِ النَّاسِ وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ * وَالَّذِينَ إِذَا فَعَلُوا فَاحِشَةً أَوْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ ذَكَرُوا اللَّهَ فَاسْتَغْفَرُوا لِذُنُوبِهِمْ وَمَنْ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا اللَّهُ وَلَمْ يُصِرُّوا عَلَى مَا فَعَلُوا وَهُمْ يَعْلَمُونَ
“Ва бишитобед ба сӯи омурзише аз ҷониби Парвар-дигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он [ба андозаи] осмонҳо ва замин аст, ки барои парҳезгорон омода шудааст. 134. Онон, ки дар тавонгарӣ ва тангдастӣ инфоқ мекунанд ва хашм[-и худ]-ро фурӯ мебаранд ва аз [хатои] мардум мегузаранд; ва Худо некӯкоронро дӯст медорад. 135. Ва касоне, ки чун [кори] зиште кунанд ё бар худашон ситам кунанд, Худоро ёд мекунанд ва барои гуноҳонашон омурзиш металабанд -ва ҷуз Худо чӣ касест, ки гуноҳонро мебахшад? -ва онҳо дониста бар он чи кардаанд, исрор намекунанд”. (Оли Имрон, 135-133)
Муҳиммтарин коре, ки шитоб дар он тавсия шудааст ин аст, ки одамиён суръат бигиранд дар ба дастовардани омӯрзиши илоҳӣ ва расидан ба биҳиште, ки арзи он осмонҳо ва замин аст ва сирри таъкид дар шитоб ин аст, ки умри одам ба тақдири илоҳӣ аст ва мумкин аст дар як нафас ба поён расад ва имкони талаби омӯрзиш ва ҷуброни мофот ва расидан ба растгорӣ ва саодат аз даст биравад.
Аз авсофи он парҳезкорон, ки чунон биҳиште барои ишон фароҳам шудааст, дар ин оят чанд васф омадааст: яке онки онҳо дар сахтӣ ва роҳат ва дар фақр ва сарват аз моли худ ба ниёзмандон ато мекунанд ва аз ин оёт метавон гуфт вазифаи инфоқ дар ҳамаи аҳвол бар дӯши парҳезкорон аст ва наметавон ба баҳонаи ранҷҳо ва меҳнатҳо ва маҳрумиятҳо аз инфоқ ба миқдори мумкин ҳар чанд аёдат бошад ё лабханде, ғофил монд.
Дигар онки парҳезкорон (вақте хашмгин шаванд) он хашмро фурӯ мехӯранд ва ошкор намекунанд ва балки аз хатои мардумон, ки сабаби он хашм шудааст дармегузаранд то хашм ба куллӣ аз дил ишон биравад ва инки дар поёни оят омадааст, ки Худованд некӯкоронро дӯст медорад ишорати латифе аст ба инки парҳезкорон илова бар фурӯхурдани хашм ва дар гузаштан аз хатои мардум гоҳ бар ишон эҳсон ва раҳмате низ мекунанд ва ин нуқтаи авҷи хубӣ ва камоли одамӣ аст ва шояд ин эҳсон бадон далел аст, ки он мағзуб агар хатое кардааст ба сабаби фақри маънавӣ ё модӣ будааст ва эҳсон бар чунин фақире неки писандидааст.
Хӯрдани хашм он нест, ки онро фурӯбранд ва дар ҷои дигар бар сари бечорае фуруд оваранд балки бояд онро ҳазм кунанд ва аз худ бигузаранд.
Ҳамчунин дар ривоят омадааст, ки хидматкоре назди яке аз қиддисон дар анҷоми кор хатое кард ва чун худ мутаваҷҷеҳи хатои хеш шуд билофосила гуфт: «وَ الْكاظِمِينَ الْغَيْظَ» он қиддис фармуд: «хашми худро фурӯхурдам» боз он хидматкор бахши дигаре аз оятро хонд, ки وَ الْعافِينَ عَنِ النَّاسِ» қиддис фармуд: «Ман аз хатои ту даргузаштам» ва боз он хидматкори хатокор бахши охири оятро хонд, ки: «وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ» ва он имом бар ӯ инфоқ ва эҳсони тоза кард.
Аз авсофе, ки барои аҳли тақво дар ин оят ва оёти дигар омадааст метавон донист, ки тақво дар маънии парҳез маҳдуд намешавад балки шомили ончи набояд кард ва ончи бояд кард, ҳар ду мешавад.
Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.