IQNA

Ба сурати ғайри ҳузурӣ

Оғози марҳалаи муқаддамотии мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон аз 30 декабр

21:44 - December 26, 2023
рақами хабар: 869
ИКНА - Марҳалаи муқаддамотии чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз шанбе 30 декабр оғоз мешавад ва ба муддати се рӯз идома хоҳад ёфт.

Ба гузориши ИКНА, марҳалаи муқаддамотии чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим аз 30 декарб дар ду бахши бонувон ва оқоён оғоз мешавад ва то се рӯз идома дорад.

Марҳалаи муқаддамотии мусобиқоти байналмилалии Қуръон ба сурати ғайри ҳузурӣ ва арзёбии филми иҷроӣ ширкаткунандагон аз сӯи ҳайати доварон, баргузор мешавад. Ҳайати доварони ин мусобиқот дар замони баргузории ин марҳала дар сохтумони шаҳиди Сулаймонии Созмони Авқоф ва умури хайрия истиқрор хоҳанд ёфт.

Баъд аз арзёбии ҳайати доварон, афроде, ки ҳадди нисоби лозимро дарёфт кунанд ба марҳалаи ҳузурии чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳхоҳанд ёфт. Марҳалаи ҳузурии ин мусобиқоти 15 феврал ҳамзамон бо солрузи вилодати имоми Саҷҷод (а) дар Теҳрон оғоз мешавад ва то дуввуми 21 феврал идома хоҳад дошт.

Қабл аз баргузории марҳалаи муқаддамотии ин мусобиқот шоҳиди баргузории марҳалаи ғирболгарӣ дар авоили ноябр будем, дар марҳалаи ғирболгарӣ, мутасобиқоне, ки ба лиҳози фаннӣ шароити ҳузур дар марҳалаи муқаддамотии мусобиқотро доштанд, мушаххас шуданд.

Бар асоси гуфтаи масъулони маркази умури Қуръони Созмони Авқоф ва умур хайрия беш аз 100 кишвар намояндагони худро барои ҳузур дар чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон муаррифӣ кардаанд.

Чиҳилмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар риштаҳои қироат таҳқиқ (вижаи оқоён), қироати тартил ва ҳифзи кулли Қуръони Карим дар ду бахши бонувон ва оқоён баргузор мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4189871

captcha