Ба гузориши ИКНА, мутолиоти қуръонӣ дар донишгоҳҳои Амрико дар ду даҳаи ахир мавриди таваҷҷуҳи зиёде қарор гирифта ва таҳқиқоти зиёде дар ин замина анҷом шудааст.
Самуел Ҷ. Росс (Samuel J Ross), устодёри риштаи Адён дар донишгоҳи масеҳии Техас яке аз қуръонпажӯҳони амрикоӣ аст.
Ӯ акнун дар заминаи мутолиоти қуръонӣ ва ақоиди исломӣ, ва ҷаҳони Исломи муосир тадрис мекунад ва равобити Ислом ва масеҳият, Ислом ва модернита ва мусулмонони Амрико аз дигар ҳавзаҳои мавриди алоқаи вай аст.
Самуел Ҷ. Росс, чандин китоб дар ҳавзаи мутолиоти исломӣ ва қуръонӣ ба риштаи таҳрир даровардааст. Аз ҷумла осори вай метавон ба китобе дар заминаи аҳамияти тафосири қуръонӣ дар асри Усмонӣ ишора кард. Ӯ ҳамчунин дар заминаи омӯзиши сарф ва наҳви арабӣ як китоби чаҳор ҷилдӣ навиштааст.
Тозатарин навиштаи Росс, дар заминаи мутолиоти қуръонӣ «Таваҷҷуҳ ба китоби муқаддас дар суннати тафсири Қуръон» (The Biblical Turn in the Qur'an Commentary Tradition) ном дорад, ки дар 280 сафҳа аз сӯи интишороти "De Gruyter" дар сафи чоп аст. Дастнависи ин китоб, барандаи ҷоизаи анҷумани мутолиоти исломии Биритониё BRAIS ۲۰۱۹ - De Gruyter шудааст.
Қуръон, матни муқаддаси Ислом, маҷмӯае аз оёти Худованд аст, ки бар Паёмбари Ислом байни солҳои 610 то 632 мелодӣ нозил шудааст. Мусулмонон ин китоби муқаддасро бо кумаки тафосир, ки оя ба оя матнро тавзеҳ ва тафсир мекунад, мутолиа мекунанд. Аввалин тафосир дар қарни ҳаштуми мелодӣ навишта шуд ва донишмандони мусулмон то имрӯз ба нигориши тафосир идома медиҳанд.
Росс мегӯяд, ки донишмандони улуми исломӣ медонанд, ки бархе аз муфассирони Қуръон ба китоби муқаддаси (Инҷил) истинод кардаанд, аммо ӯ мехоҳад тасвири возеҳтаре аз ин, ки ин ирҷоот ба чӣ теъдод ва дар чӣ лаҳазоти таърихӣ иттифоқ меафтад, ба дасти овард. Таҳқиқоти ӯ метавонад чигунагии иртиботи мусулмонон бо масеҳиён ва яҳудиёнро дар тӯли таърих равшан кунад.
Ишораи муфассирони Қуръон ба китоби муқаддас пас аз қарни нуздаҳум
Росс, матни 153 тафсири диҷиталии Қуръонро барои ишороти марбут ба китоби муқаддас ҷустуҷӯ кард. Натоиҷ нишон дод, ки муфассирони Қуръон ба истиснои мавориди каёб то авохири қарни нуздаҳум ҳеҷ ишорае ба китоби муқаддас дар тафосири худ накарданд. Сипас аз қарни нуздаҳум ба баъд ногаҳон, муфассирон аз саросари ҷаҳони Ислом шурӯъ ба ирҷоъ ба китоби муқаддас карданд. Кашфи ӯ саволоти ҷадидеро эҷод кард: чаро муфассирон қаблан ба китоби муқаддас ишора накарданд? Дар авохири даҳаи 1800 чӣ иттифоқе афтод, ки ҷарақаи ин тағйирро зад?
Росс дарёфт, ки агарчи китоби муқаддаси масеҳиён дар авоили қарни ҳаштуми мелодӣ ба арабӣ тарҷума шуд, мусулмонон то қарни давоздаҳум дар дастрасӣ ба нусхаҳои арабӣ бо мушкил мувоҷеҳ буданд. Дар он замон, Ислом, ба дини ғолиб дар манотиқе аз ҷаҳон, ки муфассирон дар он кор мекарданд, аз ҷумла Испания, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ табдил шуда буд. Росс мӯътақид аст, ки дар шароити фуқдони тамоси муназзам бо яҳудиён ё масеҳиён, мусулмонон мумкин аст камтар дар мавриди китоби муқаддас кунҷков буда бошанд.
Хондани китоби муқаддас дарки мусулмонон аз Қуръонро тағйир дод
Аммо густариши қудрати истеъмории Биритониё ва Фаронса дар қарни нуздаҳум ба ҷаҳони Араб бо ҳуҷуми мубаллиғони масеҳӣ ҳамроҳ шуд, ки миллионҳо Инҷил ба забони Арабиро оварданд ва мадорисро таъсис карданд, ки бисёре аз мусулмонон дар онҳо таҳсил карданд. Росс мегӯяд, ки хондани китоби муқаддас, наҳваи дарки мусулмонон аз Қуръонро тағйир дод. Ӯ оётеро шиносоӣ кард, ки муфассирон пас аз дастрасӣ ба Инҷил тафсири мутафовите аз онҳо ироа карданд.
Росс мегӯяд: намунаҳое аз муфассиронеро мебинед, ки вақте бо тазодди ошкоре байни Қуръон ва матни китоби муқаддас рӯбарӯ мешуданд, барои ҳамоҳанг кардани ин ду матн бо ҳам талош мекарданд.
Валид Солеҳ, муҳаққиқи тафсири Қуръон ва устоди дин дар донишгоҳи Торонто, ки аз ҷумла доварон ҷоизаи анҷумани мутолиоти исломии Биритониё будааст дар бораи ин китоб мегӯяд: то қабл аз таҳқиқоти Росс, ҳеҷ кас мутолиаи ҷомееро анҷом надода буд, ки чигунагии истифодаи мусулмонон аз китоби муқаддасро дар тафосири Қуръон баррасӣ кунад. Вай афзуд: ӯ ба мо ҷамъбандӣ ва хатти сайре додааст, ки қаблан вуҷуд надошт, ва ин ба мо дарки беҳтаре аз наҳваи ривояти таърихи тафосир ба даст медиҳад.