Дар мавориди мутааддиде Қуръони Карим аз озмоиши инсонҳо сӯҳбат кардааст. Нахустин саволе, ки ба зеҳн мерасад ин аст, ки магар озмоиш барои ин нест, ки ашхос ё чизҳои мубҳам ва ношинохтаро бишносем ва аз мизони ҷаҳл ва нодонии худ камкунем? Агар чунин аст Худованде, ки илмаш ба ҳама чиз иҳота дорад ва аз асрори дарун ва беруни ҳама кас ва ҳама чиз огоҳ аст, ғайби осмон ва заминро бо илми бепоёнаш медонад, чаро имтиҳон мекунд, магар чизе бар Ӯ махфӣ аст, ки бо имтиҳон ошкор шавад?!
Дар посух бояд гуфт, ки мафҳуми озмоиш ва имтиҳон дар мавриди Худованд бо озмоишҳои мо мутафовит аст. Озмоишҳои инсонӣ барои шинохти бештар ва рафъи ибҳом ва ҷаҳл аст, аммо озмоиши илоҳӣ дар воқеъ ҳамон «парвариш ва тарбият» аст. Тавзеҳ инки дар Қуръон мутаҷовиз аз бист маврид имтиҳон ба Худо нисбат дода шудааст, ин як қонуни куллӣ ва суннати доимии Парвардигор аст, ки барои шукуфо кардани истеъдодҳои наҳуфта (ва аз қувва ба феъл расондани онҳо) ва дар натиҷаи парвариш додани бандагони ононро меозмоед, яъне ҳамонгуна, ки фӯлодро барои истеҳкоми бештар дар кӯрра мегузоранд то об дида шавад, Худованд низ одамиро дар кӯрраи ҳаводиси сахт парвариш медиҳад то муқовим гардад.
Қуръони Маҷид ба ин ҳақиқат дар Қуръон тасреҳ карда ва мегуяд وَ لِيَبْتَلِيَ اللَّهُ ما فِي صُدُورِكُمْ وَ لِيُمَحِّصَ ما فِي قُلُوبِكُمْ وَ اللَّهُ عَلِيمٌ بِذاتِ الصُّدُورِ “Ва ончиро шумо дар сина доред меозмояд то дилҳои шумо комилан холис гардад ва ӯ ба ҳамаи асрори даруни шумо огоҳ аст” (Оли Имрон, 154).
Ҳазрати Алӣ (а) таърифи бисёр пурмаъное дар заминаи фалсафаи имтиҳоноти илоҳӣ дорад, мефармояд: “و إن كان سبحانه اعلم بهن من انفسهم و لكن لتظهر الافعال التى بها يستحق الثواب و العقاب: “Гарчи Худованд ба рӯҳиёти бандагонаш аз худашон огоҳтар аст вале онҳоро имтиҳон мекунад то корҳои хуб ва бад, ки меъёри подош ва кайфар аст аз онҳо зоҳир гардад».
Яъне сифоти дарунии инсон ба танҳоӣ наметавонад меъёре барои савоб ва иқоб гардад магар он замоне, ки дар байни аъмоли инсон худнамоӣ кунад, Худованд бандагонро меозмояд то ончи дар дарун доранд дар амал ошкор кунанд, истеъдодҳоро аз қувва ба феъл бирасонанд ва мустаҳиққи подош ва кайфари Ӯ гарданд. Агар озмоиши илоҳӣ набуд ин истеъдодҳо шукуфо намешуд ва дарахти вуҷуди инсон меваҳои аъмол бар шохсораш намоён намегашт ва ин аст фалсафаи озмоиши илоҳӣ дар мантиқи Ислом.
Баргирифта аз тафсири Намуна, ҷ1, саҳ 526.