Ояти 53 сураи «Аҳзоб» масъалаи одоби муошират бо Паёмбари Ислом (с) ва хонаводаи он ҳазратро баён карда ва дар ин робита 6 дастури муҳиммро матраҳ кардааст, ки метавонад ба масобаи як улгу барои ҳамаи мусулмонон дар равобити иҷтимоӣ бо якдигар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Ба гузориши ИКНА, ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ, раҳбари инқилоб дар дидори ахири бонувони саросари Ҷумҳурии Исломии Эрон, теъдоде аз оёти Қуръони Каримро барои табйини баёноти худ мустанад қарор доданд; Оёти 70 сураи «Асроъ», 71 сураи «Тавба», 35 ва 53 сураи «Аҳзоб», 11 ва 12 сураи «Таҳрим» ва 228 сураи «Бақара».
Ишон дар бахше аз баёнот бо истинод ба ояти 53 сураи «Аҳзоб» фармуданд: «масъалаи ҳиҷоб яке аз чизҳое аст, ки метавонад дар хатари ҷозибаи ҷинсӣ маҳдудият эҷод кунад; Аз ин ҷиҳат дар Ислом рӯи масъалаи ҳиҷоб таъкид шуда.
Матни оят:
«يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَدْخُلُوا بُيُوتَ النَّبِيِّ إِلَّا أَنْ يُؤْذَنَ لَكُمْ إِلَىٰ طَعَامٍ غَيْرَ نَاظِرِينَ إِنَاهُ وَلَٰكِنْ إِذَا دُعِيتُمْ فَادْخُلُوا فَإِذَا طَعِمْتُمْ فَانْتَشِرُوا وَلَا مُسْتَأْنِسِينَ لِحَدِيثٍ ۚ إِنَّ ذَٰلِكُمْ كَانَ يُؤْذِي النَّبِيَّ فَيَسْتَحْيِي مِنْكُمْ ۖ وَاللَّهُ لَا يَسْتَحْيِي مِنَ الْحَقِّ ۚ وَإِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَاعًا فَاسْأَلُوهُنَّ مِنْ وَرَاءِ حِجَابٍ ۚ ذَٰلِكُمْ أَطْهَرُ لِقُلُوبِكُمْ وَقُلُوبِهِنَّ ۚ وَمَا كَانَ لَكُمْ أَنْ تُؤْذُوا رَسُولَ اللَّهِ وَلَا أَنْ تَنْكِحُوا أَزْوَاجَهُ مِنْ بَعْدِهِ أَبَدًا ۚ إِنَّ ذَٰلِكُمْ كَانَ عِنْدَ اللَّهِ عَظِيمًا»
Тарҷумаи оят: "Эй касоне, ки имон овардаед, дохили утоқҳои Паёмбар машавед, магар онки барои [хӯрдани] таом ба шумо иҷоза дода шавад, [он ҳам] беонки дар интизори пухташудани он бошед;
вале ҳангоме, ки даъват шудед дохил гардед, ва вақте ғизо хӯрдед пароканда шавед. Беонки саргарми сухане гардед.
Ин [рафтори] шумо Паёмбарро меранҷонад ва [ле] аз шумо шарм медорад, ва ҳол онки Худо аз ҳақ [гӯӣ] шарм намекунад ва чун аз занони [Паёмбар] чизе хостед аз пушти парда аз онон бихоҳед; Ин барои дилҳои шумо ва дилҳои онон покизатар аст, ва шумо ҳақ надоред Расули Худоро биринҷонед ва мутлақан [набояд] занонашро пас аз [марги] ӯ ба никоҳи худ дароваред, чаро, ки ин [кор] назди Худо ҳамвора [гуноҳи] бузург аст.»
Ин оят хитоб ба мӯъминон аст ва дар он масъала одоби муошират бо Паёмбари Ислом (с) ва хонаводаи он ҳазрат баён шудааст.