Калимаи “шайтон” аз моддаи “шатн” гирифта шуда, ва “шотан” ба маънои “хабис ва паст” омадааст. Шайтон ба мавҷуди саркаш ва мутамаррид гуфта мешавад - чи аз инсон ва ё ҷин ва ё ҷунбандагони дигар - ва ба маънои рӯҳи шарур ва дӯр аз ҳақ, низ омадааст. Ин калима як исми ом (исми ҷинс) аст, дар ҳоле, ки «Иблис» исми хосси як ҷин аст. Ба иборати дигар «шайтон» ба ҳар мавҷуди музӣ ва мунҳарифкунанда ва тоғӣ ва саркаш, - хоҳ инсонӣ ё ғайри инсонӣ - мегӯянд ва Иблис номи он шайтоне аст, ки одамро фиреб дод ва аз биҳишт берун кард.
Аз мавориди истифодаи ин калима дар Қуръон бармеояд, ки шайтон ба мавҷуди музӣ ва музир гуфта мешавад, мавҷуде, ки аз роҳи рост барканор буда ва дарсадади озори дигарон аст, мавҷуде, ки саъй мекунад эҷоди дудастагӣ намояд, ва ихтилоф ва фасод ба роҳ андозад, чунонки дар Қуръон мехонем إِنَّما يُرِيدُ الشَّيْطانُ أَنْ يُوقِعَ بَيْنَكُمُ الْعَداوَةَ وَ الْبَغْضاءَ “Шайтон мехоҳад байни шумо душманӣ ва буғз ва кина эҷод кунад” (Моида / 91).
Дар Қуръон, шайтон ба мавҷуди хоссе итлоқ нашуда, балки ҳатто ба инсонҳои шарур ва муфсид низ итлоқ гардидааст чунонки дар Қуръон омада وَ كَذلِكَ جَعَلْنا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوًّا شَياطِينَ الْإِنْسِ وَ الْجِنِّ “Бадин гуна мо барои ҳар паёмбаре душмане аз шайтонҳои инсонӣ ва ё ҷин қарор додем”.
(Анъом / 112). Инки ба Иблис ҳам шайтон итлоқ шуда бахотири фасод ва шарорате аст, ки дар ӯ вуҷуд дорад.
Илова бар инҳо гоҳе калимаи шайтон бар «микробҳо» низ итлоқ шуда. Барои мисол дар ҳадисе аз Паёмбар (с) омадааст, ки: «Мӯҳои бурутҳои худро баланд магузоред, зеро шайтон онро ҷои амн барои зиндагии худ қарор медиҳад ва дар онҷо пинҳон мегардад».
Ба ин тартиб равшан шуд, ки шайтон маонии мухталифе дорад, ки яке аз мисдоқҳои равшани он «Иблис» ва лашкариёни ӯ аст, ва мисдоқи дигари он инсонҳои муфсид ва мунҳарифкунанда ва аҳёнан дар пораҳое аз маворид ба маънии микрубҳои зараровар омадааст.
Баргирифта аз тафсири намуна, ҷ1, саҳ 191