IQNA

Фаришта кист?

21:23 - January 13, 2024
рақами хабар: 945
ИКНА - Фариштагон мавҷудоти осмонӣ ҳастанд, ки имон доштан ба онҳо лозима ва шарти аслии мусулмон будан аст. Ин офаридагони илоҳӣ аз нур халқ шудаанд ва ба гурӯҳҳои мухталифе тақсим мешаванд.

Фариштагон мавҷудоти ғайбӣ ҳастанд, ки бо чашм қобили мушоҳида нестанд. Ҳазрати Ҷабраил, Микоил, Исрофил ва Азроил, чаҳор фариштаи муқарраби илоҳӣ ҳастанд, ки дар Қуръон аз онҳо ёд шуда. Илова бар инҳо Ҳорут ва Морут ва Накиру Мункир фариштагони дигаре ҳастанд, ки номашон дар Қуръон омадааст.

Қуръон вижагиҳоеро барои фариштагон баршумурда, ки ба шарҳи зер аст:

1- Сар бар фармони Худо доранд ва ҳаргиз маъсият наме‏кунанд: « لا يَسْبِقُونَهُ بِالْقَوْلِ وَ هُمْ بِأَمْرِهِ يَعْمَلُونَ» “Дар сухангуфтан аз Худованд сибқат намегиранд ва ба дастури Ӯ кор мекунанд”. (Анбиё, ояти 27).

2- Вазоифи муҳим ва бисёр мутанаввеи аз сӯи Худованд доранд: гурӯҳе ҳомилони Арашанд. (Сураи Ҳоққа, ояти 17) Гурӯҳе тадбир кунандаи корҳоиянд. (Сураи Нозиот, ояти 5) Гурӯҳе ҷони инсонро мегиранд. (Сураи Аъроф, ояти 37) Гурӯҳе муроқиби аъмоли башаранд. (Сураи Инфитор, ояти 10 то 13) Гурӯҳе ҳофизи инсон аз ҳаводисанд. (Сураи Анъом, ояти 61) Гурӯҳе маъмури азоби ақвоми саркашанд. (Сураи Ҳуд, ояи 77) Гурӯҳе имдодгарони илоҳӣ нисбат ба муъминон дар ҷангҳо ҳастанд. (Сураи Аҳзоб, ояти 9) ва билохира гурӯҳе оварандагони кутуби осмонӣ барои Анбиё (а) ме‏бошанд. (Сураи Наҳл, ояти 2).

3- Пайваста машғули тасбеҳи Худованд ҳастанд: « وَ الْمَلائِكَةُ يُسَبِّحُونَ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَ يَسْتَغْفِرُونَ لِمَنْ فِي الْأَرْضِ» “Фариштагон тасбеҳ ва ҳамди Парвардигори худро баҷо ме‏оваранд ва барои касоне, ки дар замин ҳастанд истиғфор мекунанд”. (Сураи Шуро, ояти 5)

4- Гоҳ ба сурати инсон дар ме‏оянд ва бар анбиё ва ҳатто ғайри анбиё зоҳир ме‏шаванд. Чунонки фариштаи бузурги илоҳӣ ба сурати инсон бар Марям зоҳир шуд: « فَأَرْسَلْنا إِلَيْها رُوحَنا فَتَمَثَّلَ لَها بَشَراً سَوِيًّا» “Ва мо рӯҳи худро ба сӯи ӯ фиристодем, ки шабеҳи инсони комил дар баробараш намоён шуд”. (Сураи Марям, ояти 17)

5- Мақомоти мухталиф ва маротиби мутафовите доранд, баъзе ҳамеша дар рукӯъ ҳастанд ва баъзе ҳамеша дар суҷуданд. « ما مِنَّا إِلَّا لَهُ مَقامٌ مَعْلُومٌ وَ إِنَّا لَنَحْنُ الصَّافُّونَ وَ إِنَّا لَنَحْنُ الْمُسَبِّحُونَ» “Ҳар як аз мо мақоми маълуме дорад, мо ҳамвора сафкашида мунтазири фармони Ӯ ҳастем ва пайваста тасбеҳи Ӯ ме‏гуйем”. (Сураи Софот, ояти 164- 166).

Ба таври куллӣ оёти зиёде аз Қуръон дар бораи сифот ва маъмуриятҳои фариштагон сухан ме‏гӯяд. Ҳатто Қуръон дар ояти « آمَنَ الرَّسُولُ بِما أُنْزِلَ إِلَيْهِ مِنْ رَبِّهِ وَ الْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ آمَنَ بِاللَّهِ وَ مَلائِكَتِهِ وَ كُتُبِهِ وَ رُسُلِهِ» “Паёмбари Ислом ба ончи аз сӯи Парвардигораш бар ӯ нозил шуда имон оварда ва муъминон низ ба Худо ва фариштагони Ӯ ва китобҳо ва расулонаш ҳамагӣ имон доранд”. (Сураи Бақара, ояти 285) Имон ба малоикаро дар радифи имон ба Худо ва анбиё ва кутуби осмонӣ қарор додааст. Фариштагон низ ҳамчун ҷин ва шайтон бо чашми зоҳирӣ қобили дидан нестанд, аммо бо таҳорати қалбӣ метавон бо онҳо дар иртибот буд.

Баргрифта аз тафсири Намуна, ҷ18, саҳ 173.

captcha