IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд? / 10

Душман чигуна туро ба табоҳӣ мекашад?

19:25 - June 12, 2023
рақами хабар: 97
Ҳидоят ва ҳаракат дар масири илоҳӣ душман дорад, ки барои шинохти роҳҳои нуфузи ин душман беҳтар аст ибтидо нуқоти заъфи худамонро пайдо кунем.

Аз ибтидои офариниши инсон, шайтон ҳамвора дар талош аст то инсонро бо шеваҳои гуногун дар масири наздикшудан ба Худованд монеъ эҷод кунад ва инсонро гумроҳ кунад. Худованд дар Қуръон инсонро аз ин душманӣ огоҳ мекунад ва бисёре аз фиребҳои ӯро зикр карда ва инсонро ҳушдор додааст.

Ҳадафи аслии шайтон фиреб додани инсон барои нофармонӣ аз Худованд ва гароиш ба тоғут аст. Инсон дар пазириш ё радди даъвати шайтон, комилан мухтор аст ва дар сурате, ки даъвати шайтонро бипазирад, ҳар пушаймонӣ ва маломат мутаваҷҷеҳи худи инсон аст. وَقَالَ الشَّيْطَانُ لَمَّا قُضِيَ الْأَمْرُ ... وَمَا كَانَ لِيَ عَلَيْكُمْ مِنْ سُلْطَانٍ إِلَّا أَنْ دَعَوْتُكُمْ فَاسْتَجَبْتُمْ لِي فَلَا تَلُومُونِي وَلُومُوا أَنْفُسَكُمْ “Шайтон [дар қиёмат] ҳангоме, ки кори [муҳосибаи бандагон] поён ёфта [ба пайравонаш] мегӯяд: маро бар шумо ҳеҷ тасаллуте набуд ҷуз инки шуморо даъват кардам ва иҷобатам намудед, пас маро маломат накунед ва худро маломат кунед...” (Иброҳим, 22).

Бисёре аз роҳҳои нуфузи шайтон, дар Қуръони Карим баён шудааст:

 لَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ وَمَنْ يَتَّبِعْ خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ فَإِنَّهُ يَأْمُرُ بِالْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ “Аз гомҳои шайтон пайравӣ накунед; Ва ҳар, ки аз гомҳои шайтон пайравӣ кунад [ҳалок мешавад] зеро шайтон ба кори бисёр зишт ва амали нописанд фармон медиҳад” (Нур, 21).

Қуръон дар мавриди наҳваи мунҳариф кардани шайтон, иборати “خطوات الشيطان”-ро ба кори бурдааст то бигӯяд: шайтон, гом ба гом инсонро ба сӯи анҷоми гуноҳон мекашонад.

فَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطَانُ أَعْمَالَهُمْ فَهُوَ وَلِيُّهُمُ الْيَوْمَ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ Шайтон аъмолашонро барояшон орост ва имрӯз [ҳам] сарпарасташон ҳамуст ва барояшон азоби дарднок аст” (Наҳл, 63).

Мӯҳсини Қироатӣ дар тафсири ин оят мегӯяд:

  1. Роҳи нуфузи шайтон, ҷилвадодан ва зинатдодани зиштиҳо ва тавҷеҳи инҳирофот аст. فَزَيَّنَ لَهُمُ الشَّيْطانُ أَعْمالَهُمْ
  2. Пазируфтани ҷилваҳои шайтон, муқаддимаи султаи ӯст. فَزَيَّنَ‌ ... فَهُوَ وَلِيُّهُمُ‌ Илқои андӯҳ ба мӯъмин ва беангеза кардани ӯ барои ҳаракат дар масири Худованд, аз байн бурдани ёди Худо аз фикри инсон, додани ваъдаҳои дурӯғин ва бисёр фиребҳои дигар, роҳҳои нуфузи шайтон аст, ки Қуръони Карим инсонро аз онҳо барҳазар доштааст.

Калидвожаҳо: Қуръон чӣ мегӯяд, шайтон, Қуръон, душман, гумроҳ

captcha