IQNA

Мессии Урдун; Аз ҳифзи Қуръон то ҳимоят аз Ғазза ва ихроҷ ба хотири намоз

22:45 - February 06, 2024
рақами хабар: 1045
ИКНА - Тарафдорони футбол ӯро Мессии Урдун меноманд, аммо дар масҷиди Ас-Солиҳин ҳамон шайх Мӯсо Ат-Таъмирӣ аст, худаш ин номро дӯст дорад ва ба он ифтихор мекунад. Пеш аз бозӣ, Қуръон мехонд ва ҳамеша пеш аз вуруд ба замин, дохили автобус ё рахткан машғули муноҷоти бо Худованд аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Мӯсо Ат-Таъмирӣ, бозикуни футболи Урдун, ки ҳофизи Қуръони Карим аст, ба хотири мавозеи худ дар ҳамбстагӣ бо Фаластин ва пойбандӣ ба шиори динӣ дар Аврупо шӯҳрат ёфтааст.

Мӯсо Ат-Таъмирӣ, ситораи тими миллии футболи Урдун дар ин давра аз ҷоми миллатҳои Осиё чеҳраи вижае барои аҳолии Ғарби Осиё буд, ки заминасози ҳузури тими миллии кишвараш дар нимаи наҳоӣ шуд то барои нахустинбор дар таърих дар ҷамъи чаҳор тими бартари Осиё қарор гирад.

Ат-Таъмирӣ, ки нахустин лигиюнери футболи Урдун дар панҷ лиги мӯътабари аврупоӣ ба шумор меравад то инҷо муваффақ шуда ду бор барои тими миллии кишвараш дар ин мусобиқа гулзанӣ кунад, дар мароҳили ҳазфӣ дар нақши гулсози Урдуниҳо фаъолият кардааст.

Ат-Таъмирӣ, пеш аз бозӣ таъкиди вижае ба тиловати Қуръони Маҷид дорад ва ҳамеша пеш аз вуруд ба замин, дар дохили автобус ё дохили рахткан машғули муноҷот бо Худованд аст. Ӯ дар даврони навҷавонӣ дар масҷиди Ас-Солиҳин парвариш пайдо кард ва дар онҷо зери назари устодони худ ҳифзи Қуръонро оғоз кард.

Тарафдорони футбол дар Урдун, ӯро Мессии Урдун меноманд, аммо дар масҷиди Ас-Солиҳин ӯро шайх Мӯсо Ат-Таъмирӣ, садо мезананд, ва худи вай ин номро дӯст дорад ва ба он ифтихор мекунад.

Яке аз устодони ӯ мегӯяд: Мӯсо алоқа ва тааҳҳуди зиёде ба ҳифзи Қуръон дошт ва дар масири худ комилан муназзам ва мунзабит буд ва миёни масҷидиҳо ба некӣ ва ахлоқи некӯ шӯҳрат дошт.

Вай барои идомаи масири футболи худ роҳии Аврупо шуд, аммо дар онҷо ҳам ӯ мутааҳҳид ба одоби динӣ аст. Мӯсо аввалин урдунӣ аст, ки дар лиги Фаронса ва барои Монпелле бозӣ кард; Кайфияти бозии ӯ ба ҳадде буд, ки сентябри 2023 ҷоизаи беҳтарин бозикуни моҳи ин кишварро аз он худ кард.

Мавозеи вай дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ба гунае буд, ки аз ҳамон оғози ҷанги (Тӯфони Ал-Ақсо) аз тариқи ҳисобҳои корбарии худ аз мардуми Фаластин ҳимоят кард; Ӯ ба далели ҳимоят аз Фаластин таҳти фишори шадиди матбуоти Фаронса қарор гирифт. Алорағми огоҳӣ аз инки давлати Фаронса қонуне вазъ карда, ки ҳар кас дар дохили хоки ин кишвар аз Фаластин ҳимоят кунад ба панҷ соли зиндон маҳкум мешавад, аммо вай даст аз ҳимоят аз Фаластин барандошт.

Ӯ се сол пеш, ки дар бошгоҳи Хеверли Левен, Бельгия бозӣ мекард эълом кард сармураббии ин тим ба ӯ гуфтааст аз инки байни ду нима бозӣ дар рахткан намозхонда хашмгин аст ва ба ҳамин далел ӯро аз тим канор мегузорад.

Ат-Таъмирӣ, дар ин хусус гуфт: дақоиқи охири нимаи аввал буд, ки ба яке аз мураббиёни тим гуфтам агар мумкин аст мехоҳам барои хондани намоз ба рахткан биравам. Ман бозикуни захира будам ва рӯи нимкат ҳузур доштам. Мураббӣ гуфт мушкиле вуҷуд надорад ва метавони зудтар ба рахткан биравӣ.

Рӯзи баъд аз мусобиқа, ки бо шикасти мо ҳамроҳ буд дар тамрин дидам сармураббии тим ба сӯроғам омад ва гуфт: ман аз инки ду дақиқа зудтар роҳии рахткан шудӣ асабонӣ ҳастам. Ҳақ надошти барои хондани намоз аз замин хориҷ шавӣ. Ман албатта ба ӯ гуфтам, ки аз мураббии тим иҷоза гирифтам бо ин вуҷуд маро аз тим канор гузошт.

https://iqna.ir/fa/news/4198277

captcha