IQNA

«Ҳоҷӣ Пиёда» — аввалин масҷиди мусалмонон дар Афғонистон

21:38 - October 07, 2025
рақами хабар: 3966
Дар се километрии ҷануби шаҳри Балх, маконе вуҷуд дорад, ки ба бовари мардуми маҳаллӣ, аввалин масҷиди мусалмонони Афғонистон аст. Ин ҷо бо номи «Масҷиди 9 гунбад» ё «Ҳоҷӣ Пиёда» шинохта мешавад ва яке аз ҷойҳои бисёр тамошобоб ва зебои таърихист.

Ба нақл аз сомонаи «Ҷомеа ва фарҳанги миллатҳо» ва ба гузориши ИҚНО, масҷиди таърихии Ҳоҷӣ Пиёда ё 9 гунбад, бар асоси санадҳои таърихии мавҷуд, дар асл биноест боқимонда аз зардуштиён ва будоиён.

Ин масҷид дар асри IX милодӣ, дар замони сулолаи Сомониён, бунёд ёфтааст. Пеш аз он ки арабҳо ба Балх биёянд, ин ҷо оташкадаи зардуштиён будааст.

Будоиён низ ин бинои қадимиро ҳамчун маъбад ё ибодатгоҳ истифода мебурданд. Номи аслии он маъбад «Навабоҳар» (Навбаҳор) будааст, ки ҷойи бисёр муқаддас барои пайравони дини зардуштӣ ва будоӣ ба ҳисоб мерафт.

Баъд аз он ки ислом ба Балх омад, ин оташкада ё маъбад ба масҷид ва ҷойи ибодати мусалмонон табдил дода шуд. Номи «9 гунбад» низ ба хотири доштани нуҳ гунбази бузург бар он гузошта шудааст.

Мимориву сохти зоҳирии Масҷиди 9 гунбад

Масҷиди 9 гунбад яке аз зеботарин ва ҷолибтарин намунаҳои меъмории таърихӣ дар Афғонистон ба ҳисоб меравад. Ҳамин ки инсон рӯ ба рӯи ин бино меистад, гӯё садсолаҳо таърих, ранг ва мазҳаб аз чашмаш мегузаранд.

Гарчанде имрӯз қисми зиёди ин меъмории зебо аз байн рафтааст, вале руҳи ҳунар ва истеъдоди устодон то ҳол дар боқимондаҳои бино дида мешавад.

9 гунбади он масҷид замоне бар рӯи 6 сутуни бузург устувор будаанд. Ҳоло гунбазҳо нест шудаанд, аммо 4 сутуни аз ҳамон 6 сутун то ҳол боқӣ мондаанд.

Дар гирди ин маъбади қадимӣ тақрибан 300 ҳуҷра (ҳуҷрача) мавҷуд будааст. Аз ин ҳуҷраҳо барои омӯзиши таълимоти буддоӣ, инчунин барои мондану истироҳати мусофирон истифода мешудааст. Боз, маросимҳои мазҳабӣ ҳам дар ҳамин утоқҳо баргузор мешудаанд.

Ороишҳо ва нақшунигори гачкорӣ-и ин бино то ҳол назаррабову диданист.

Сайёҳи машҳур Ибн Баттута, ки солҳои зиёд ҷаҳонгардӣ кардааст, Масҷиди 9 гунбад-ро аз ҷиҳати зебоӣ монанд ба Масҷидулҳамроъ дар шаҳри Ғарнотаи Испания медонад.

4309127

captcha