Нахустин ҷашнвораи Қуръонии «Зайнул-Асвот» на фақат саҳнаи рақобати ҷолиби наврасону ҷавонони қори буд, балки чеҳраҳои маъруфи Қуръонӣ аз дохилу хориҷи кишвар низ дар он иштирок доштанд. Ҳасанайн ал-Ҳулу, яке аз меҳмонони махсуси ин чорабинии маънавӣ буд, ки бо нигоҳ ва таҷрибаи коршиносӣ, тиловатҳои иштирокчиёнро баррасӣ мекард.
Дар поён, суҳбати ИҚНО бо ал-Ҳулу оварда шудааст, ки дар он аз дастовардҳо, зарфиятҳо ва ояндаи ин ҷашнвораи навмавҷ гуфтугӯ мешавад.
ИҚНО: — Мусобиқаҳое мисли «Зайнул-Асвот» чӣ нақш ва таъсир метавонанд дар рушди фаъолиятҳои Қуръонӣ ва роҳнамоии насли ҷавон дошта бошанд?
Ҳасанайн ал-Ҳулу: — Дар аввал, ба ташкилкунандагони ҷашнвора ташаккур мегӯям. Он чӣ мо дар «Зайнул-Асвот» дидем, як мусобиқаи оддӣ набуд, балки як кашфи бузург буд. Мо шоҳиди наврасони боистеъдоду нодир будем, ки бо ҷиддият ва маҳорати ҳайратовар тиловат мекарданд.
Муҳимтар аз ҳама, ин буд, ки чунин мусобиқаҳо дар Эрон бо як низоми устувори роҳбарӣ аз тарафи устодони варзида сурат мегиранд. Яъне фақат рақобат нест — як семинари зиндаи таълимӣ аст.
ИҚНО: — Оё ин ҷашнвора имкони байналмилалӣ шудан дорад? Мисолҳое аз муваффақияти қориёни навраси эронӣ доред?
— Ман бо итминони комил мегӯям, ки «Зайнул-Асвот» потенсиали бисёр баланди байналмилалӣ шуданро дорад. Ин танҳо як пешгӯӣ нест — ин бар асоси далелҳои воқеӣ аст.
Агар ба натиҷаҳои ахири қориёни навраси эронӣ дар се-чор соли охир назар кунем, мебинем, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ё ҷои аввалро гирифтаанд, ё дар миёни се кишвари беҳтарин қарор доранд.
Ҳатто дар мусобиқаи бисёр муҳиму ихтисосии «Ҷоизаи Ал-Амид», ки анъанавӣ ба кишвари Ироқ ва қориёни арабзабон ихтисос дорад, наврасони эронӣ тавонистаанд рақибони қавии худ аз Миср, Ироқ ва дигар кишварҳоро паси сар кунанд ва унвони чемпионӣ-ро ба даст оранд.
Ин як дастоварди кучак нест. Бо итминон метавон гуфт, ки имрӯз қориёни навраси Эрон рақибони ҷиддӣ ва қавӣ барои ҳамтоёни мисрӣ ва ироқии худ дар саҳнаи байналмилалӣ ба шумор мераванд. Ва бе шак, мусобиқаҳое мисли «Зайнул-Асвот» барои чунин дурахшиш як пойгоҳи оғоз будаанд.
ИҚНО: — Барои беҳтар кардани сифати ин ҷашнвора дар оянда чӣ тавсияҳо доред?
— Ду нуқтаро махсус таъкид кардан мехоҳам:
Адолати таълимӣ ва ҳимоят аз истеъдодҳои минтақаҳои камимкон. Мо бояд ба онҳо шароит диҳем, ки истеъдодашонро нишон диҳанд.
Гуногунсозии мактабҳо ва услубҳои тиловат. Яъне қориён бояд бо сабкҳои гуногуни тиловат шинос шаванд, то ҳам малакаашон афзоиш ёбад ва ҳам сифати қироат дар ҷашнвора боло равад.
4308721