Барои мо, ки дар ин ҷаҳони маҳдуди дунё ҳастем дарки абъоди неъматҳои биҳиштӣ, бисёр мушкил ва балки ғайри мумкин аст, чаро ки неъматҳои ин ҷаҳон дар баробари неъматҳои ҷаҳони охират тақрибан дар ҳукми як қатра дар баробари як рӯд аст. Қуръони Карим мефармояд, ончи шумо мехоҳед дар онҷо фароҳам аст, вале дар назди мо неъматҳои бештаре аст, ки дар андеша ва қалби шумо хутур накардааст то онки ҳатто онро талаб кунед: لَهُمْ مَا يَشَاءُونَ فِيهَا وَلَدَيْنَا مَزِيدٌ; “Дар онҷо ҳар чи бихоҳанд барои онон фароҳам аст ва назди мо [неъматҳои] бештаре аст” (Қоф, ояти 35).
Биҳишти ҷовдон, ки Парвардигор аз фазли худ ба аҳли имон ва тақво ваъда фармудааст, башорате ба амри ғайб аст ва ҳаргиз наметавон арзиши онро дарк намуд ва мизони шодӣ ва сурур дар ҷавори раҳмати илоҳиро фаҳмид. Бадин ҷиҳат мардум аз фаҳми он қосиранд ва фақат ба онон эълом мешавад, ки ин ваъда ҳаргиз тахаллуфпазир нахоҳад буд: جَنَّاتِ عَدْنٍ الَّتِي وَعَدَ الرَّحْمَنُ عِبَادَهُ بِالْغَيْبِ إِنَّهُ كَانَ وَعْدُهُ مَأْتِيًّا; “Он биҳиштҳои адне, ки Худои меҳрубон барои бандагони (солеҳи) худ дар ғайби ин ҷаҳон ваъда фармуд ва албатта ваъдаи Худо яқин ба анҷом мерасад”. (Марям, ояти 61).
Таъбир ба биҳишт ба сурати ҷамъ (ҷаннот) дар инҷо ишора дорад, ки биҳишт дар ҳақиқат мураккаб аз боғҳои мутааддид ва фавқулода пурнеъмате аст, ки дар ихтиёри муъминони солеҳ қарор дорад. Тавсиф ба «Аднٍ» , ки ба маънои ҳамешагӣ ва ҷовдонӣ аст, далел бар ин аст, ки биҳишт ҳамчун боғҳо ва неъматҳои ин ҷаҳон нест, ки зоилшуднӣ бошад, зеро чизе, ки инсонро дар робита бо неъматҳои бузурги ин ҷаҳон нигарон месозад, ин аст, ки ҳамаи онҳо саранҷом заволпазиранд, аммо ин нигаронӣ дар мавриди неъматҳои биҳиштӣ вуҷуд надорад.
Калимаи «عِبَادَهُ» (ибода) ба маънои бандагони муъмини Худованд аст на ҳамаи бандагон ва таъбири «بِالْغَيْبِ» баъд аз он, яъне аз чашми онҳо пинҳон аст ва ба он имон доранд. Ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки неъматҳои биҳиштӣ он чунон аст, ки ҳеҷ чашме надида ва ҳеҷ гӯше нишнида ва ҳатто ба мағзҳои инсонҳо хутур накардааст, ва ба куллӣ аз ҳис ва дарку фаҳми мо ғоиб аст.