Ба гузориши манобеи хабарӣ, ибтикори соҳиби як фурӯшгоҳ дар Арабистони Саудӣ, ба манзури ташвиқи раҳгузарон ба қироати Қуръони Карим аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Дар ин ибтикор, ки видеое аз он дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда соҳиби як маркази тиҷорӣ бо қарордодани Қуръон дар витарини фурӯшгоҳи худ ва дархост аз обирон барои қироати ду саҳифа аз Қуръони Карим ба таври рӯзона ба истиснои рӯзҳои ҷумъа ва таътилот ва хатми он дар тӯли як сол, ибтикори ҷолиберо барои қироати Қуръони Карим ба кор бурдааст.
Дар қолаби ин ибтикор теъдоди зиёде аз раҳгузарон метавонанд танҳо бо сарфи андаке вақт барои тиловати ду сафҳаи аз Қуръони Карим дар ин барнома хатми Қуръони солона ширкат кунанд.
Ин ибтикор бо таваҷҷуҳ ба баҳрабурдан аз вақти озоди раҳгузарон барои хатми Қуръон ба шакли навоварона метавонад ҷойгузини муносибе барои тиловати Қуръон барои афроде бошад, ки фурсати ҳузур дар маҳофили суннатӣ ва одии хатми Қуръонро надоранд.