Қуръони Карим дар сураи Ҳадид ба Фармонравоии осмонҳо ва замин ишора мефармояд: لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ; “Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва корҳо ба сӯи Худо бозгардонида мешаванд” (Сураи Ҳадид, ояти 5).
Аз сӯи дигар дар ҷараёни ҳазрати Иброҳим (а) ба малакути осмон ва замин мепардозад: وَكَذَلِكَ نُرِي إِبْرَاهِيمَ مَلَكُوتَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلِيَكُونَ مِنَ الْمُوقِنِينَ; “Ва ин чунин мо ба Иброҳим малакут ва ботини осмонҳо ва заминро ироа додем (то яктоии Парвардигорашро дарёбад) ва то ба мақоми аҳли яқин расад”. (Сураи Анъом, ояти 75). Бинобар ин мо як Фармонравоии осмонҳо ва замин ва як малакути осмонҳо ва замин дорем.
Дар ояти нахусти сураи Мулк мефармояд: تَبَارَكَ الَّذِي بِيَدِهِ الْمُلْكُ; “Бузургавор Худое, ки салтанати млики ҳасти ба дасти қудрати Ӯст”. (Сураи Мулк, ояти 1). Дар сураи Ёси низ мефармояд: فَسُبْحَانَ الَّذِي بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ ٍ; “Пас муназзаҳ ва пок аст Худое, ки малакути ҳар мавҷуд ба дасти Ӯст” (Сураи Ёсин, ояти 83); Яъне қудрат ва ихтиёри милк ва малакути осмонҳо ва замин дар дасти Худованд аст. Ба вижа аз ояти дуввум фаҳмида мешавад, ки ҳар чизе як малакуте дорад.
Дар маҷмӯъ аз ин оёт ва оёти дигар бардошт мешавад, ки дунё (олами милк) зарфи зуҳури сурат ва зоҳири ашёъ аст ва олами охират зарфи зуҳури малакути онҳост; Албатта ин ҳақоиқ дар ҳаёти дунявӣ вуҷуд доранд ё онки бо рафтори мо эҷод мешаванд, вале мо ба хотири ҳиҷоби ғафлат тавонои дидани онро надорем то инки дар олами дигар пардаҳо канор биравад: لَقَدْ كُنْتَ فِي غَفْلَةٍ مِنْ هَذَا فَكَشَفْنَا عَنْكَ غِطَاءَكَ فَبَصَرُكَ الْيَوْمَ حَدِيدٌ; “Ту аз ин (рӯзи сахти марг) ғофил будӣ, мо парда аз баробарат бардоштем ва имрӯз чашмонат тезбин шудааст”. (Сураи Қоф, ояти 22).