IQNA

Қуръони навишташуда бар рӯи нақшаи Туркия ба қории ин кишвар эҳдо шуд + акс

6:39 - February 22, 2024
рақами хабар: 1117
ИКНА - Ҳунарманди эронӣ Қуръон навишташуда бар рӯи нақшаи кишвари Туркияро ба намояндаи ин кишвар дар чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон эҳдо кард. 

Ба гузориши ИКНА, Ҳасани Пурвалӣ, ҳунарманди хушнависи аҳли Ардабил дар ҳошияи чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон, асари ҳунарии худро дар ҳимоят аз зилзилазадагони кишвари Туркия ба намояндаи ин кишвар дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Эрон эҳдо кард.

Ин ҳунарманд дар асари худ кулли Қуръони Каримро бар рӯи коғази калк ва бо худкори панҷдаҳум, хушнависӣ кардааст.

Ин асари ҳунарӣ дар абъоди 70 дар 80 сантиметр тарроҳӣ шуда ва ҳунарманди он бо истифода аз заррабин иқдом ба нигориши оёт карда ва беш аз ҳазор соат кор бурдааст.

Ҳасани Пурвалӣ, дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИКНА, баён кард: ин асар 14 шаҳривар моҳ дар қуллаи Сабалон ва бо ҳадафи эҳдо ба зилзилазадагони кишвари Туркия рӯнамоӣ шуд. Тарҳе аз нақшаи Туркия низ бо истифода аз рангҳои мухталиф ва оёти Қуръон дар ин асар ба чашм мехӯрад.

Мубашшираи Султон, ширкаткунандаи риштаи тартил дар бахши бонувони чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон дар замони таҳвили ин ҳадия гуфт: аз ҳадияе, ки дарёфт кардам шигифтзада ва машъуф шудам, ин ҳадия арзишманд ва гиронбҳо аст ва ба назарам боиси ошноӣ ва наздикии ду кишвар ва пайванди амиқи маънавӣ байни ду миллати Эрон ва Туркия мешавад.

Вай бо ишора ба инки ҳофизи кулли Қуръон низ ҳаст, баён кард: умедворам соли оянда битавонам дар риштаи ҳифзи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон ширкат кунам. Ин мусобиқот саҳнае аз рақобати қориён ва ҳофизони мустаид аз ақсо нуқоти ҷаҳон аст. Бархе ширкаткунандагон бисёр хуб ва қавӣ зоҳир шуданд ва савтҳои зинатёфта ба Қуръонро шунидем. Ҳамаи ширкаткунандагон маънус ба Қуръон ҳастанд, чаро, ки ҳаркас бихоҳад каломи Худоро ҳифз кунад, қатъан Худованд ҳам ба ӯ ёрӣ хоҳад расонд ва аҳли Қуръон хоҳад шуд.

قرآن کتابت شده بر روی نقشه ترکیه به قاری این کشور اهدا شد +‌ عکس

قرآن کتابت شده بر روی نقشه ترکیه به قاری این کشور اهدا شد +‌ عکس

قرآن کتابت شده بر روی نقشه ترکیه به قاری این کشور اهدا شد +‌ عکس

قرآن کتابت شده بر روی نقشه ترکیه به قاری این کشور اهدا شد +‌ عکس و صوت

https://iqna.ir/fa/news/4200936

captcha