IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 14

Мухолифати ошкори Қуръон бо нажодпарастӣ

21:06 - June 16, 2023
рақами хабар: 112
Асли баробарии зану мард ва асли тафовут дар вижагиҳои башарӣ ду асле аст, ки дар Қуръони Карим ба вижа дар ояте аз сураи Ҳуҷурот ба сароҳат баён шудааст.

Табъиз ва зиддиятҳои фаровоне дар миёни ақвом ва нажодҳои мухталиф вуҷуд дорад, ки бисёре аз онҳо решаи деринае доранд.

Тафовутҳои миёни афрод ва ақвом масъалаи табиӣ аст. Мушкил аз ҷое оғоз мешавад, ки ин тафовутҳо меъёри арзишманди иддае ва беарзиш донистани дигарон қарор мегирад.

Ин нигоҳи ғалат, ки нажодпарастӣ яке аз масодиқи он аст, маншаи бисёре аз ҷангҳо қарор гирифтааст. Омӯзаҳои Қуръон нисбат ба ин мавзӯъ бетафовут нест ва зимни инки мабно қарор додани тафовутҳои табиӣ барои арзишмандии инсонҳоро ба куллӣ рад мекунад, мелоки мушаххасе барои арзишмандии инсон баён мекунад.

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ “Эй мардум! Мо шуморо аз як мард ва зан офаридем ва миллатҳо ва қабилаҳо қарор додем то якдигарро бишносед. Бетардид гиромӣ тарини шумо назди Худо парҳезкортарини шумост. Яқинан Худо доно ва огоҳ аст.” (Ҳуҷурот, 13)

Дар ин оят ба се асли муҳим ишора шудааст: асли баробарӣ дар офариниши зан ва мард, асли тафовут дар вижагиҳои башарӣ ва асли инки тақво милоки бартарӣ аст. Албатта дар оёти дигари Қуръон, милокҳое аз қабили илм, собиқа, амонат, тавоноӣ ва ҳиҷрат низ ба чашм мехӯрад.

Нависандаи тафсири Намуна, паёми ин ояи дар канори гузоштан табъизро чунин баён мекунад: Манзур аз офариниши мардум аз як мард ва зан ҳамон бозгашти насабии инсонҳо ба “Одам” ва “Ҳаво” аст, бинобар ин чун ҳама аз решаи воҳиде ҳастанд маъне надорад, ки аз назари насаб ва қабила бар якдигар ифтихор кунанд ва агар Худованд барои ҳар қабила ва тоифае вижагиҳои офарида барои ҳифзи назми зиндагии иҷтимоӣ мардум аст, чаро, ки ин тафовутҳо сабаби шиносоӣ аст. Ва бидуни шиносоӣ афрод назм дар ҷомеаи инсонӣ ҳукмфармо намешавад.

Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки омили ҳаракат ва шаклгирии таомулоти иҷтимоӣ ҳамин тафовутҳои фардӣ ва нажодӣ аст ва агар ин тафовутҳо набуд, ҷомеа дучори рукуд ва сукун мешуд.

Тафсири Нур ба баёни баъзе аз паёмҳои ин ояти шарифа пардохтааст:

 1- Мард ё зан будан, ё аз фулон қабила ва қавм будан, мелоки ифтихор нест, ки инҳо кори Худованд аст. «خلقنا، جعلنا»

 2- Тафовутҳое, ки дар шакл ва қиёфа ва нажоди инсонҳо дида мешавад, ҳакимона ва барои шиносоӣ якдигар аст, на барои тафохур. «لِتَعارَفُوا»

 3- Каромат дар назди мардум зудгузар аст, касби каромат дар назди Худованд муҳим аст. «أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ»

 4- Қуръон, тамоми табъизҳои нажодӣ, ҳизбӣ, қавмӣ, қабилаӣ, иқлимӣ, иқтисодӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва низомиро қабул намекунад ва милоки фазилатро тақво медонад. «إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقاكُمْ»

 5- Бартариҷӯӣ, дар фитрати инсон аст ва Ислом масири ин хостаи фитриро тақво қарор додааст. «إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقاكُمْ»

 6- Иддаои тақво ва тазоҳур ба он накунем, ки Худо ҳамаро хуб мешиносад. «عَلِيمٌ خَبِيرٌ»

Калидвожаҳо: Нажодпарастӣ, қабила, ваҳдат, каромат

captcha