IQNA

Мустазъафон аз итрати Паёмбар(с); Пешвоён ва ворисони замин

19:19 - February 26, 2024
рақами хабар: 1135
ИКНА - Ояти 5 сураи Қасас мефармояд, ки мустазъафонро пешвоён ва ворисони рӯи замин қарор диҳем, ки бо таваҷҷуҳ ба ривояте аз итрати Паёмбар(с) аст ва ҳазрати Исо(а) бар ӯ иқтидо мекунад.

Сароғози сураи Қасас шарҳи ҳоли бани Исроил ва достони таваллуд ва рушди ҳазрати Мӯсо(а) аст. Бо инки дар тамоми ин оёт феълҳо ба сурати мозӣ ба кор рафтааст, аммо дар оёти 5 ва 6 сураи Қасас, бо истифода аз 5 феъл ба сурати мустақбал мефрмояд: وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ * وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ; "Мо мехоҳем бар мустазъафони замин миннат наҳем ва ононро пешвоён ва ворисони рӯи замин қарор диҳем ва ҳукуматшонро дар замин побарҷо созем" (Қасас, ояти 65).

«Мустазъаф» дар мафҳуми қуръонӣ ба маънои унсури фоқиди тавон ва барнома ва ҳадаф нест, балки касе аст, ки неруҳои лозим барои такомул, иқтидор ва шукӯҳро дорад, аммо аз сӯи истибдоди ҳоким, сахт зери фишор аст. Ӯ дар ҳамонҳоли истизъоф дар андешаи адолат ва озодагӣ ва тақвопешагӣ аст. Аимма ба маънои пешвоёне аст, ки бояд дигарон ба ӯ иқтидо ва мутобеат кунанд, мисли имоми ҷамоат, ки маъмумин иқтидо мекунанд. «миннат» ба маънои бахшидани неъмати бузург ва сангин аст. Имомат дар ин ояти миннати бузурги илоҳӣ ва ба насби Худованд аст, чаро ки мефармояд: «وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً». 

Сиғаи музореъ «нуриду» дар ин оят далолат бар истимрор дорад; Ҳамчунин иродаи ҳатмии илоҳӣ бар унвони «мустазъафин» ворид шуда ва дар хусуси мустазъафини бани Исроил нест. Ривояте, ки дар зайли оят ворид шуда далолат бар умумияти ин суннати илоҳӣ дорад; Бинобар ин агарчи сиёқи оят марбут ба қавми бани Исроил аст, ки бар рӯи замин ба истизъоф кашида шуданд, вале зоҳири оят далолат бар қонун ва иродаи илоҳӣ ҳикоят дорад, ки ба ҳасби шароити хос бархе мустазъафинро бар мустакбирини олам пирӯз гардонд ва намунаи аълои таҳаққуқи ин машият бо зуҳури мунҷӣ аст.

Ин оят дар ҳукми ҳол бар ҷумлаи يَسْتَضْعِفُ طَائِفَةً مِنْهُمْ; Гурӯҳеро ба заъф ва нотавонӣ мекашонад. (Қасас: 4) аст, гӯё мефармояд мо бар ҳамонҳо, ки заиф шумурда шуданд миннат мениҳем ва ҳамонҳоро имом қарор медиҳем. Ҳамчунин ононро ворисони ҳукумати ҷабборон қарор диҳем. Бо таваҷҷуҳ ба ривояте, ки Муслим ва Бухорӣ аз Паёмбари Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нақл кардаанд: «Чӣ мекунед он вақт, ки Исо ибни Марям нозил шавад ва имоми шумо аз шумо бошад»  мушаххас мешавад, ки қавми мустазъафе, ки дар оянда ҳукумат бар заминро ба ирс мебарад аз миёни мусулмонон аст.

Дар ривояте, ки Муслим нақл мекунад низ ду вижагӣ зикр шудааст. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳамвора тоифае аз уммати ман то қиёмат дар роҳи ҳақ набард мекунанд, сипас Исо ибни Марям нозил мешавад. Сипас амири он тоифа ба ӯ мегӯяд: биё барои мо намоз иқома кун. Исо дар ҷавоб мегӯяд: на, ҳамоно бархе аз шумо бар бархе дигар амиред...» .

Аз ин ривоят бардошт мешавад, ки аввалан ин тоифа ҳамвора дар ҳоли набарди дар роҳи ҳақ будааст. Сониян амири ин тоифа ончунон мақом ва каромат дорад, ки Паёмбари Улулъазм ба ӯ иқтидо мекунад. Акнун ин пурсиш ба зеҳн меояд, ки ин имом чӣ касе аст? Беш аз 50 манбаъ аз манобеи аҳли суннат ин ривоятро зикр кардаанд, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: Маҳдӣ аз итрати ман, аз фарзандони Фотимаи Заҳо (Саломуллоҳи алайҳо) аст.

Албатта ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ ва Муттақии Ҳиндӣ, соҳиби китоби Канзул-уммол низ ин ҳадисро меоваранд ва ишора мекунад, ки ин ҳадис дар китоби Муслим будааст. Суютӣ ривояти Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро чунин нақл мекунад: Исо нозил мешавад, пас амирашон «Маҳдӣ» мегӯяд: биё бароямон намоз бихон...». Олусӣ низ дар тафсираш мегӯяд: «Имом дар ин ривоят ҳамон Маҳдӣ аст».

captcha