IQNA

Марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қории ҷаҳонӣ дар Баҳрайн баргузор мешавад

20:54 - February 27, 2024
рақами хабар: 1142
ИКНА - Кумитаи нозир бар мусобиқоти байналмилалии қории ҷаҳонии Қуръон дар Баҳрайн аз баргузории ин мусобиқот то моҳи апрел хабар дод. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, кумитаи нозир бар мусобиқоти байналмилалии қории Қуръон дар Баҳрайн, пас аз баргузории ҷаласа барои баррасии муқаддамоти баргузории марҳалаи ниҳоии ин давра аз мусобиқот дар моҳи апрели пеши рӯ хабар дод.

Дар ин ҷаласа, раванди пешрафти мусобиқоти байналмилалии қории ҷаҳонӣ, ки аз сӯи вазорати умури исломӣ ва авқоф дар Баҳрайн баргузор мешавад, баррасӣ шуд. Илова бар ин кумитаҳо ва натоиҷи марҳалаи чаҳорум, барномаи баргузории маросими ихтитомияи ин давра ба тасвиб расид. Ин мусобиқа билофосила пас аз поёни мусобиқоти муқаддамотӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор мешавад.

Марҳалаи муқаддамоти ин мусобиқот бо интихоби се ширкаткунанда аз ҳар бахш ва роҳёбии онҳо ба марҳалаи ниҳоӣ ба поён расид. Ин баргузидагон дар садри феҳристи мтасобиқоне аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон қарор гирифтанд. Ҳайате аз коршиносони нухба дар заминаи улуми қуръонӣ, қироат ва таҷвид, доварии ин рақобатҳоро бар ӯҳда доштанд.

Шоёни зикр аст, ки марҳилаи муқаддамотии чаҳорумин давраи мусобиқоти байналмилалии қории ҷаҳонӣ бо ҳузури 5092 ширкаткунандаи мард ва зан аз 74 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Дар ин давра аз мусобиқот бахшҳои ҷадиде ба рақобатҳо афзуда шуд ва илова бар ин бонувон низ дар ду бахши қории ҳофиз ва қории ҷавон ба рақобат пардохтанд. Ин иқдом дар ростои тақвияти маҳорати қориён ва ҳофизони зан ва омодагии онҳо барои ҳузур дар мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва Қуръони Карим сурат гирифтааст.

https://iqna.ir/fa/news/4202051

captcha