IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 16

Ду далел барои инки Худо фарзанде надорад

20:54 - June 19, 2023
рақами хабар: 129
Ду истидлол дар Қуръон вуҷуд дорад, ки ба нафйи фарзанд барои Худо марбут аст. Муфассирон ин ду далелро бар асоси ояти 117 сураи Бақара баён кардаанд.

Қудрати Худованд ва наҳваи ба коргирӣ аз мавзӯъоте аст, ки мавриди таваҷҷӯҳи диндорон аст ва шаклгирии тасаввури дақиқ аз он ба соири ақоиди онон ҷиҳат медиҳад. Офариниши ҷаҳон ва инсон аз ҷумла масоиле аст, ки дар иртибот бо ҳамин мавзӯъ таъйин мешавад. Дар ин хусус ояте дар Қуръон вуҷуд дорад, ки муфассирон ба тарҳи мабоҳиси густурда дар иртибот бо он иқдом кардаанд:

بَدِيعُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ و َإِذَا قَضَى أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ “[Ӯ] падид оварандаи осмонҳо ва замин [аст] ва чун ба коре ирода фармояд фақат мегӯяд [мавҷуд] бош пас [фавран мавҷуд] ме‏шавад” (Бақара, 117)

Ин сухан тибқи ояти қабл аз он, навъи посух ба дидгоҳи касоне аст, ки аз дини яҳудият ва масеҳият, мӯътақид буданд, ки Худованд фарзанд дорад. Бархе аз онон мегуфтанд “Азиз писари Худост” ва бархе дигар мӯътақид буданд, ки “Масеҳ писари Худост”. Ин ҷумла ҳамчунин аз ҳокимияти Худованд дар хилқат сухан мегӯяд.

Аллома Таботабоӣ, ду истидлол аз ин оят бардошт кардааст, ки пайдоиши фарзанд аз Худовандро рад мекунад. Бурҳони аввал инки фарзанд гирифтан вақте мумкин мешавад, ки як мавҷуди табиӣ баъзе аз аҷзои табиӣ худро аз худ ҷудо кунад ва онгоҳ бо тарбияти тадриҷӣ, онро аз навъи худ ва мисли худ бикунад. Аз тарафе Худованд дорои ҷисм нест, балки ҳар чизе, ки дар осмонҳо ва замин аст, барои Ӯ ва комилан вобаста ба Ӯст. Пас чигуна мумкин аст мавҷуде аз мавҷудот битавонад фарзанди Ӯ бошад ва вижагиҳои ӯро дошта бошад?

Бурҳони дувум инки тибқи оят, Худованд падидоварндаи осмонҳо ва замин аст ва ҳама чизро бидуни улгу халқ мекунад. Пас амали Ӯ монанди амали дигарон бо тақлид ва ташбеҳ ва тадриҷ сурат намегирад ва дар анҷоми корҳо ба асбоб ва василае ниёз надорад. Ҳамин, ки бигӯяд “Мавҷуд бош”, он чиз билофосила мавҷуд мешавад. Пас бо ин ҳол читавр метавонем Ӯро дорои фарзанд бидонем, дар ҳоле, ки дуруст кардани фарзанд эҳтиёҷ ба тарбият ва тадриҷ дорад.

Дар тафсири “Исно ашарӣ” мехонем: “Кун фаякун” нишон медиҳад, ки ба маҳзи инки Худо ирода мекунад, билофосила он шайъ мешавад. Иродаи Худо аз рӯи ҳикмат ва маслиҳат ва ихтиёр аст ва эҷод шудани ашёъ ба ғайр аз иродаи Худованд ба ҳеҷ шарти дигаре ниёз надорад.

Тафсири Нур ду паём аз ин оят баён кардааст:

 1- Офариниши Худованд, ҳамвора бадеъ ва ибтикорӣ аст. «بَدِيعُ»

 2- Худованд метавонад дар як лаҳза ҳамаи ҳастиро биёфаринад; «كُنْ فَيَكُونُ», ҳарчанд ҳикматаш иқтизо мекунад, ки силсила илал дар кор бошад ва ба тадриҷ халқ шаванд.

Калидвожаҳо: Қуръон чӣ мегӯяд, хилқати ҷаҳон, иродаи Худо, қудрати Худо, фарзанди Худо.

captcha