Яке аз мабоҳиси муҳим дар амри ҳукумати динӣ, таъйини ҳоким аст. Дар мавриди анбиёе, ки монанди Сулаймони набӣ ташкили ҳукумат додаанд, Паёмбари илоҳӣ бар маснади ҳукумат нишастааст. Аммо дар замоне, ки Паёмбари илоҳӣ вафот меёбад чӣ касе бояд ҷонишини ӯ дар амри ҳукумат шавад?
Ин ҷойгоҳ, ки истилоҳо ба он хилофат гуфта мешавад, дар мавриди Набии Мукаррами Ислом, он замон, ки дар Мадина ташкили ҳукумат дод, маъно пайдо мекунад. Аммо Паёмбар бар асоси ҳадиси машҳур, иқдом ба таъйини ҷонишин барои худ кардааст, ки дар манобеи ҳадисии ҳамаи гурӯҳҳои исломӣ ба такрор матраҳ шудааст. Ин ҳадис муртабит бо яке аз машҳуртарин оёти Қуръон аст, ки ба “Ояим Хилофат” машҳур шудааст:
وَوَاعَدْنَا مُوسَى ثَلَاثِينَ لَيْلَةً وَأَتْمَمْنَاهَا بِعَشْرٍ فَتَمَّ مِيقَاتُ رَبِّهِ أَرْبَعِينَ لَيْلَةً وَقَالَ مُوسَى لِأَخِيهِ هَارُونَ اخْلُفْنِي فِي قَوْمِي وَأَصْلِحْ وَلَا تَتَّبِعْ سَبِيلَ الْمُفْسِدِينَ؛ “Бо Мӯсо [барои ибодати вижа ва дарёфти Таврот] сӣ шаб ваъда гузоштем ва онро бо [афзудани] даҳ шаб комил кардем, пас миъодгоҳи Парвардгораш ба чиҳил шаб поён гирифт, ва Мӯсо [ҳангоме, ки ба миъодгоҳ мерафт] ба бародараш Ҳорун гуфт: дар миёни қавм ҷонишини ман бош ва ба ислоҳ бархез ва аз роҳ ва равиши муфсидон пайравӣ макун” (Аъроф, 142).
Ҳазрати Муҳаммад(с) бо истинод ба ояти хилофат, хитоб ба Алӣ ибни Абитолиб фармуд: أنتَ مِنِّی بِمَنزِلَةِ هَارُونَ مِن مُوسَی إلا أنَّه لانَبیَّ بَعدِی: “Ту барои ман ҳамчун Ҳорун ҳасти нисбат ба Мӯсо; Ҷуз инки пас аз ман Паёмбаре нахоҳад буд.”
Паёмбари Бузургавори Ислом(с) дар ҷараёни Табук ба соли нӯҳуми ҳиҷрӣ (631 мелодӣ), пеш аз ҳаракат ба сӯи ин минтақа, Имом Алӣ(а)-ро ба унвони ҷонишини худ дар Мадина баргузид ва умури мудириятии онро ба вай вогузор кард. Назар ба дӯр будани минтақаи Табук ва эҳтимоли таҳаррукоти хоинонаи мунофиқон дар набуди Паёмбари Ислом(с), ҷонишинии Имом Алӣ(а) аз аҳамияти вижае бархурдор буд. Аммо фориғ аз ин интихоб, баёни ҳазрати Муҳаммад дар фазилати Имом Алӣ(а) чунон буд, ки нишон медиҳад, ки манзури Набии Ислом, навъе ҷонишинии вижа ва хос будааст, ки дар мавриди ҳеҷ фарди дигаре аз асҳоби Паёмбар такрор нашудааст.
Ин ривоят дар канори ҳадиси Ғадири Хум, бисёр қобили таваҷҷӯҳ аст, чаро, ки аввалан дар муносибатҳои мухталиф аз Паёмбар(с) шунида шуда, ки муҳиммтарини онҳо дар ҷанги Табук аст. Сониян ибороти ин ҳадис, сароҳатан тамоми шъуни Паёмбар ғайр аз Паёмбариро ба Алӣ ибни Абитолиб нисбат медиҳад ва то рӯзи вафоти худ, ҳаргиз ӯро азл накард ва ин мақом ҳамвора барои Имом Алӣ(а) идома дошт.
Марҳум ибни Асокир дар китоби Таърихи Мадинаи Димишқ, ин ҳадисро ба 144 тариқ, ва олими дигаре ба номи Нисоӣ низ онро ба 33 тариқ бо ровёни мухталиф нақл кардаанд. Баъзе аз манобеъи асил ва мӯътабаре, ки ин ҳадисро ривоят кардаанд иборатанд аз:
Калидвожаҳо: Хилофат, ҷонишинӣ, Ҳорун, Мӯсо, Алӣ, Муҳаммад, ояти хилофат, Ғадир.