Ба гузориши манобеи хабарӣ, корбарони Судони тиловати зебои ин қории Покистониро мавриди таҳсин қарор доданд.
Шайх Нурин Муҳаммад Садиқ, яке аз маҳбубтарин қориёни Судони дар миёни мардуми ин кишвар буд, вай дар ноябри 2020 дар пайи як ҳодисаи ронандагӣ дар роҳи бозгашт аз водии Ҳалфо даргузашт.
Дар видеои ёд шуда ин қории покистонӣ, оёти 15 то 24 сураи муборакаи Ҳашрро тиловат мекунад:
كَمَثَلِ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ قَرِيبًا ذَاقُوا وَبَالَ أَمْرِهِمْ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ "Дуруст монанди ҳамон касоне, ки ахиран [дар воқеаи Бадр] сазои кори [бади] худро чашиданд ва ононро азоби дардноке хоҳад буд." كَمَثَلِ الشَّيْطَانِ إِذْ قَالَ لِلْإِنْسَانِ اكْفُرْ فَلَمَّا كَفَرَ قَالَ إِنِّي بَرِيءٌ مِنْكَ إِنِّي أَخَافُ اللَّهَ رَبَّ الْعَالَمِينَ "Чун ҳикояти шайтон, ки ба инсон гуфт кофир шав ва чун [вай] кофир шуд гуфт ман аз ту безорам зеро ман аз Худо Парвардигори ҷаҳониён метарсам." فَكَانَ عَاقِبَتَهُمَا أَنَّهُمَا فِي النَّارِ خَالِدَيْنِ فِيهَا وَذَلِكَ جَزَاءُ الظَّالِمِينَ "Ва фарҷоми ҳардуяшон он аст, ки ҳар ду дар оташи ҷовид мемонанд ва сазои ситамгарон ин аст". يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَلْتَنْظُرْ نَفْسٌ مَا قَدَّمَتْ لِغَدٍ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ "Эй касоне, ки имон овардаед аз Худо парво доред ва ҳар касе бояд бингарад, ки барои фардо [и худ] аз пеш чӣ фиристодааст ва [боз] аз Худо битарсед дар ҳақиқат Худо ба ончи мекунед огоҳ аст." وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنْسَاهُمْ أَنْفُسَهُمْ أُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ "Ва чун касоне мабошед, ки Худоро фаромӯш карданд ва Ӯ [низ] ононро дучори худфаромӯшӣ кард онон ҳамон нофармононанд." لَا يَسْتَوِي أَصْحَابُ النَّارِ وَأَصْحَابُ الْجَنَّةِ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ هُمُ الْفَائِزُونَ "Дузахиён бо биҳиштиён яксон нестанд биҳиштиёнанд, ки комёбонанд". لَوْ أَنْزَلْنَا هَذَا الْقُرْآنَ عَلَى جَبَلٍ لَرَأَيْتَهُ خَاشِعًا مُتَصَدِّعًا مِنْ خَشْيَةِ اللَّهِ وَتِلْكَ الْأَمْثَالُ نَضْرِبُهَا لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ "Агар ин Қуръонро бар кӯҳе фурӯ мефиристодем яқинан он [кӯҳ]-ро аз бими Худо фурӯтан [ва] аз ҳам пошида медидӣ ва ин мислҳоро барои мардум мезанем бошад, ки онон бияндешанд". هُوَ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ هُوَ الرَّحْمَنُ الرَّحِيمُ "Ӯст Худое, ки ғайр аз Ӯ маъбуде нест донандаи ғайб ва ошкор аст Ӯст раҳматгари меҳрубон". هُوَ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ الْمَلِكُ الْقُدُّوسُ السَّلَامُ الْمُؤْمِنُ الْمُهَيْمِنُ الْعَزِيزُ الْجَبَّارُ الْمُتَكَبِّرُ سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يُشْرِكُونَ "Ӯст Худое, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест ҳамон фармонравои пок саломат[бахш ва] муъмин [ба ҳақиқати ҳаққаи худ, ки] нигаҳбони азизи ҷаббор [ва] мутакаббир [аст] пок аст Худо аз ончи [бо Ӯ] шарик миегардонанд". هُوَ اللَّهُ الْخَالِقُ الْبَارِئُ الْمُصَوِّرُ لَهُ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَى يُسَبِّحُ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ "Ӯст Худои холиқи навсози суратгар [,ки] беҳтарин номҳо [ва сифот] аз они Ӯст ончи дар осмонҳо ва замин аст [ҷумла] тасбеҳи Ӯ мегӯянд ва Ӯ азизи ҳаким аст".