Ба гузориши "I 24 news", иқдом ба қуръонсӯзӣ, ки дувумин рӯйдод аз ин навъ маҳсуб мешавад, тавассути як марди ироқӣ анҷом шуд. Ин фард пеш аз ин низ иқдоми мушобеҳиро дар канори парчами Исроил анҷом дода буд. Лизо ин иқдомоти тавҳиномез нигарониҳоеро дар миёни ақаллиятҳои динии шаҳри Малмо барангехтааст.
Конфронси хохомҳои Аврупо ва Иттиҳодияи ҷаҳони Ислом ба раҳбарии шайх Абдулкарим Ал-Исӣ бо судури баёнияи муштарак ин иқдоми иҳонатомезро маҳкум карданд ва аз ҳамаи мардум хостанд то назароти худро ба шеваи масъулона ва мӯҳтарамона баён кунанд.
Ин баёния дар ҳоле мунташир шуд, ки замони баргузории ин рӯйдод ҳамзамон бо мусобиқаи овози Аврупо (Eurovision) аст ва боиси афзоиши ҳассосияти амниятӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа мешавад.
Шӯрои ҷавомаи яҳудӣ дар Шветсия аз такрори чунин иқдомоти таҳрикомезе ибрози ноумедӣ кард ва аз ҳама хост то аз афзоиши таниш ва эҷоди нафрат парҳез кунанд.
Хохом Банҳас Голдшмидт, раиси конфронси хохомҳои Аврупо ва шайхи Абдулкарим Ал-Исӣ дар баёнияи муштараки худ бар лузуми ҳифзи равобити хуб байни гурӯҳҳои динии мухталиф ба вижа дар замони таниш таъкид карданд.
Ин гоми муштарак байни раҳбарони мазҳабӣ нишондиҳандаи талошҳои мудовим барои тарвиҷи ҳамзистӣ ва эҳтироми мутақобил дар Малмо аст, шаҳре, ки аз лиҳози таърихӣ ба далели танаввӯъи фарҳангӣ ва диниаш шинохта шудааст.
Хохом Моше Дэвид Хакухин, раиси собиқи Беит Медраш дар Аврупои Шимолӣ, равобит байни раҳбарони мазҳабии яҳудӣ ва мусулмон ва аҳамияти он дар коҳиши танишҳо, ба вижа қабл аз рӯйдоди муҳимме монанди мусобиқаи овози Eurovisionро сутуд.
Ҳамкорӣ байни ин гурӯҳҳо паёми қавӣ дар баробари иқдомоте аст, ки ҳадафашон аз ҳам пошидани ваҳдати иҷтимоӣ аст ва таъкид мекунад, ки ояндаи ҳамзистии мусоламатомез, вобаста ба гуфтугӯи мустамар ва эҳтироми мутақобил, ба дӯр аз ҳаргуна иқдоми таҳрикомез ё тавҳиномез нисбат ба ҳар як аз адён хоҳад буд.