Ба гузориши ИКНА, Қуръони Карим қарнҳост, ки ба забонҳои модарии мусулмонони ғайри арабзабон тарҷума шудааст. Аз сӯи дигар ин китоб ҳамвора мавриди таваҷҷуҳ ва кунҷковии ғайри мусулмонон будааст.
Ин китоби муқаддас токунун ба даҳҳо забон тарҷума шудааст. Аввалин тарҷумаи англисии шинохта шуда бо унвони Alcoran дар соли 1649 анҷом шуда, ки ба Александр Рос, кашиши подшоҳи Чорлзи аввал нисбат дода шудааст. Ин асар аз рӯи тарҷумаи Фаронсавии lL'Alcoran de Mahomet ба қалами нависандаи Фаронсавии Sieur du Ryer ба англисӣ тарҷума шудааст.
The Koran, ки маъмулан Alcoran of Mohammed номида мешавад ва дар соли 1734 чоп шуда, нахустин тарҷумаи илмии Қуръон буд ва ба муддати 200 сол бартарин тарҷумаи англисӣ дар дастрас буда ва ҳанӯз ҳам чоп мешавад. Ҷорҷ Сеал ин тарҷумаи ду ҷилдиро бар асоси тарҷумаи лотини Луис Марчи (1698) тарҷума кардааст. Томас Ҷефферсон (севумин раисҷумҳури Амрико) як нусха аз тарҷумаи Сеалро дар ихтиёр дошт, ки акнун дар китобхонаи Конгресс аст ва дар январи 2007 дар маросими савганди Кейт Эллисон, намояндаи мусулмони маҷлиси намояндагони Амрико истифода шуд.
Мусулмонон то авоили қарни бистум иқдом ба тарҷумаи Қуръон ба англисӣ накарданд. The Qur'an нахустин тарҷумаи Қуръон ба англисӣ аз сӯи мусулмонон буд, ки тавассути Мирзо Абулфазл, Аҳлуллоҳ ободи Ҳинд тарҷума ва дар 1910 мунташир шуд.
Аз авосити қарни бистум токунун чандин тарҷума аз Қуръон ба забони англисӣ мунташир шуда, ки ҳар як бо нақдҳои мухталифе рӯбарӯ шудааст. Аз ин рӯ ҳанӯз тарҷумае меъёр ва мавриди қабули ҳамагон ба ин забон вуҷуд надорад ва ба ҳамин далел ҳанӯз ҳам мутарҷимон саъй мекунанд бо рафъи навоқиси осори қаблӣ тарҷумаи дақиқтар ва дар айни ҳол қобили фаҳмтар барои мухотибони англисӣ забон ироа кунанд.
Яке аз ин осор, ки дар авоили соли 2024 ба чоп расидааст «The Qur'an: A Verse Translation» (Қуръон: тарҷумаи шоирона) ном дорад. Ин тарҷума ба ҳиммати Рафеъ Ҳабиб (M.A.R. Habib) ва Брюс Лоренс (Bruce B. Lawrence) анҷом шудааст.
Ҳабиб, шоир ва устоди собиқи адабиёт дар донишгоҳҳои Оксфорд ва Эссекс аст. Вай ҳамокунун дар донишгоҳи Ратгерс тадрис мекунад.
Бозхонии шоирона аз матни муқаддас
Майк Маджио (Mike Maggio) устоди адабиёти англисӣ дар донишгоҳи Вирҷинияи шимолӣ дар нақде ба ин китоб менависад: тарҷума кори душвор аст. Мутарҷимон натанҳо бояд калимотро ба дурустӣ тарҷума кунанд, балки бояд заминаи забонӣ, фарҳангӣ ва таърихии матни аслиро низ дар назар бигиранд. Як калима ё иборат мумкин аст ба хубӣ ба забони мақсад тарҷума шавад, аммо дар асл, маонии мутааддиде муртабит бо мақсуди гӯянда дошта бошад.
Ҳамчунин Аҳмад Ал-Азбӣ, мудири кулли маркази тарҷумаи донишгоҳи Ал-Азҳари Миср навиштааст: ин зеботарин тарҷумаи Қуръон бошад ва беҳтарин иқдом барои табйини оёти охирин ваҳйи илоҳӣ ба навъи башар аст. Ҳам ба тарзи чашмгире шоирона ва ҳам дар айни ҳол, дақиқ аст. Ин асар ҳамчунин шомили як муқаддимаи муфассал ва ироаи пешинаи равшангарона барои дарки беҳтари китоби муқаддаси мусулмонон аст.
Ин ҷанбаҳои забонӣ ҳамеша ба хубӣ тарҷума намешванд. Бархе аз мутун, монанди мақолоти илмӣ ва хабарӣ, роҳаттар аз дигар мутун тарҷума мешаванд. Шеъри лояӣ ғанӣ аз печидагиро ба матн изофа мекунад. Аз сӯи дигар мутуни динӣ монанди Инҷил ва Қуръон вуҷуд дорад, ки моҳияти онҳо розолуд ва печида ва чандбуъдӣ аст ва шояд тарҷумаи он аз ҳама душвортар бошад.
Ҳабиб ва Брюс Лоренс 10 солро сарфи ҳамкорӣ дар сахттарин корҳо карданд: тарҷумаи Қуръон ба англисӣ; Китобе, ки натанҳо асоси яке аз адёни бузурги ҷаҳон ба шумор меравад балки меъёри аз навиштори забони арабӣ низ маҳсуб мешавад.
Мутарҷимон чаро бар тарҷумаи шеърии оёт таъкид доранд? Онҳо мегӯяанд дар ҳоле, ки Қуръон финафсиҳӣ шеър нест, аммо тиловат, бахше аз суннати исломӣ аст, ки мусулмонон ҳангоми хондани матн аз он пайравӣ мекунанд.
Дар воқеъ, Қуръон беш аз онки хонда шавад, тиловат мешавад ва бештари мусулмонон дар синини поин ёд мегиранд, ки онро бо тасаллут бар қавоиди таҷвидӣ ҳифз кунанд. Қироати Қуръон дар ҷаҳони Ислом аҳамияти бисёре дорад ва бархе аз ҷумла марҳум шайх Абдулбосит Муҳаммад Абдуссамад ба он шӯҳрат ёфтаанд. Пас чаро тарҷумаи англисӣ набояд ба забонӣ шеъргуна ироа шавад?
Ҳадафи дигар, тарҷумаи шаффоф ва равон будааст. Аксари тарҷумаҳои Қуръон, аз забони наздик ба забони тарҷумаи китоби муқаддас баҳра гирифтаанд; Шакле аз забони англисӣ, ки аксари мо бо он ошно ҳастем.