IQNA

Таъкид бар густариши ҳамкории иқтисодии Русия ва ҷаҳони Ислом дар иҷлоси Қазон

5:31 - May 18, 2024
рақами хабар: 1511
ИКНА - Намояндагони кишварҳои исломии ҳозир дар нишасти иқтисодии Русия ва ҷаҳони Ислом бар густариши ҳамкориҳои пизишкӣ ва таомулоти иқтисодӣ байни ду тараф таъкид карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар нахустин рӯз аз нишасти байналмилалии иқтисодии «Русия ва ҷаҳони Ислом» пешниҳод шуд аз таҷрибаи созмони кишварҳои исломии (OIC) ва кишварҳои иттиҳодияи иқтисодии Евразия барои эҷоди стандарти муштарак дар муроқибатҳои беҳдоштӣ истифода шавад.

Қатиба Ҳасан, раиси ҳайати мудираи муассисаи тиҷорӣ «доктор Қатиба Ҳасан» аз Сурия гуфт, ки ин ҳамкорӣ ба таъмини доруҳо ва таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёзи мардум дар кишварҳои исломӣ кумак хоҳад кард.

Вай гуфт: фурсатҳои зиёде барои афзоиши сатҳи ҳамкорӣ байни кишварҳои исломӣ, Русия ва кишварҳои иттиҳодияи иқтисодии Евразия вуҷуд дорад.

Маҷмаъи байналмилали иқтисодии Русия - ҷаҳони Ислом, бистари аслӣ барои таомули тиҷорӣ байни Русия ва кишварҳои ҷаҳони Ислом аст. Ин маҷмаъ шомили беш аз 100 ҷаласа дар масирҳои мавзӯъӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, молӣ ва сармоягузории исломӣ, санъати ҳалол, гардишгарӣ, тиҷорат, иқтисод, илм ва фановарӣ, манобеъи инсонӣ, фарҳанг, варзиш ва ғайра аст. 

Ҳадаф аз баргузории ин маҷмаъ, тақвияти равобит миёни кишварҳои узви созмон ҳамкории исломии (OIC) ва Федератсияи Русия дар заминаҳои иқтисодӣ, омӯзишӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аст. Ин ҳамоиш ҳамчунин тавсеаи муассисоти низоми молии исломӣ дар Русия ва саросари ҷаҳонро бо тамаркуз бар иҷрои проектҳо ва барномаҳои байналмилалии муштарак ташвеқ мекунад.

Мавзӯъоти аслии ин ҳамоиш шомили умури молии исломӣ, сармоягузорӣ, санъат, касбу корҳои кӯчак ва мутавассит, дипломосӣ, ҳамкории байналмилалӣ, фановарӣ, гардишгарӣ, пизишкӣ ва варзиш аст.

Руасои ширкатҳои пахши умда ва хабаргузориҳои миллӣ аз Федератсия Русия ва OIC дар рӯйдодҳои расонаии вижае, ки дар тӯли ин ҳамоиш баргузор мешавад, ҳузур доранд.

Имсол, ин ҳамоиш ҳамчунин мизбони намоишгоҳи тиҷории ҳалоли Экспо хоҳад буд, ки дар он маҳсулот, хадамот, сармоягузорӣ ва проектҳои зербиноии ҳалоли Русия ба намоиш гузошта хоҳад шуд. 

Марат Хоснолин, муовини нахуствазири Русия дар мавриди ин ҳамоиш гуфт: интизор меравад мушорикати кишварҳои муштаракулманофеъ, Ховари Миёна, Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ ва Африқо дар нишасти имсол монанди соли гузашта бошад. Дар соли гузашта беш аз 200 барнома дар ҳамоиш анҷом шуд ва беш аз 130 қарордод ба имзо расид.

Рустам Миниханов, раиси давлати Тотористон ва муовини кумитаи созмонедеҳии KazanForum, гуфт: понздаҳумин ҳамоиши Қазон нишондиҳандаи омодагии Русия барои гуфтугӯ бо кишварҳои исломӣ аст. 

Соли гузашта KazanForum мизбони беш аз 16000 боздид кунанда аз 80 кишвар буд, ки аз ин теъдод 57 нафар аъзои OIC буданд. 

Ин ҳамоиш, 25 то 30 урдибиҳишти соли ҷорӣ дар Қазон баргузор мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4216158

captcha