IQNA

Вазири фарҳанги Лубнон таъкид кард:

Мавзеъи қотеъонаи шаҳиди ҷумҳур дар баробари Ғазза ва Фаластин

20:51 - June 01, 2024
рақами хабар: 1594
ИКНА - Вазири фарҳанги Лубнон таъкид кард: шаҳидон Раисӣ ва Амир Абдуллоҳиён бо мавзеъгирии қотеъона ва музокирот ва пойдории худ дар канори мардуми Ғазза ва Фаластин истоданд.

Ба гузориши хабарнигори ИКНА, Муҳаммад Васом Ал-Муртазо, вазири фарҳанги Лубнон, субҳи шанбе, дар ҳамоиши байналмилалии «Ғазза; Мазлуми муқовим», ки дар салони ҳамоишҳои садо ва симо баргузор шуд, зимни иблоғи саломи мардуми Лубнон, кишвари андеша ва муқовимат ва пойдорӣ ба ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ ва ҳамаи миллати Эрон ва мардуми қаҳрамони Фаластин ва Ғазза, ёди шуҳадои азимушшаън бахусус Оятуллоҳ Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ва шаҳид Амир Абдуллоҳиён, вазири шаҳиди умури хориҷаро гиромӣ дошт ва гуфт: ин шуҳадои бузургавор бо мавзеъгирии қотеъона ва музокирот ва пойдории худ дар канори мардуми Ғазза ва Фаластин истоданд.

Вай ҳамчунин бо гиромидошти ёди шуҳадои Фаластин ва Ғазза, таъкид кард: ин шуҳадо дар роҳи сарзамини Фаластин ба шаҳодат расиданд то ин сарзамин ва Қудси шариф аз чанголи саҳюнистҳои ҷинояткор озод шавад.

Вазири фарҳаниг Лубнон дар идома бо ишора ба фоҷиаи бузурги шаҳодати Оятуллоҳ Раисӣ ва ҳамроҳонаш изҳор кард: Мо итминон дорем, ки ёди ин бузургаворон, ки зиндагии худро дар хидмати миллатҳо сарф карданд дар виҷдони умумии мардум боқӣ хоҳад монд ва ҷумҳурии исломии азиз аз ин ҳодисаи дарднок ва ин буҳрон пирӯз ва сарбаланд берун хоҳад омад ва ин барои ҳама возеҳ ва ошкор аст.

Вай тасреҳ кард: аз оғози пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон имом Хумайнӣ (рҳ) фармуданд Исроил як ғуддаи саратонӣ аст, ки бояд решакан шавад. Лизо мусулмонон дар набарди ҳақ алайҳи ботил бояд дар баробари ин режими золим боистанд ва қад алам кунанд ва сарзамини мусулмононро аз чанголи ин ишғолгарон озод созанд.

Муҳаммад Васом Ал-Муртазо афзуд: ҳамаи миллатҳои мусулмон бояд ихтилофи назарҳоро канор бигузоранд ва ҳамаи тавони худро барои мубориза бо режими ҷаълӣ идома диҳанд то сарзамини Фаластин озод шавад. Дар Ғазза акнун, ки таҳти беш аз 8 моҳ таҷовуз ва ҳамалоти ваҳшёна қарор дорад, қаҳрамонони Ғазза ба муборизаи худ идома медиҳанд ва зарботи мӯҳлике ба ин режим ворид мекунанд.

Вазири фарҳанги Лубнон дар поён хотирнишон кард: Мо иншоаллоҳ Фаластинро озод хоҳем кард ва ба баракати раҳнамудҳои имом Хумайнӣ (рҳ) ва имом Хоманаӣ Фаластин озод хоҳад шуд.

Иҷлоси байналмилалии «Ғазза; Мазлуми муқовим» ба ҳиммати ситоди хориҷии солгарди бузургдошти имом Хумайнӣ (рҳ) ва ба муносибати фарорсидани сию панҷумин солгарди иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (рҳ) субҳи имрӯз, шанбе, дар маркази ҳамоишҳои байналмилалии садо ва симо оғоз шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4219416

captcha