IQNA

Оятуллоҳ Хоманаӣ: ҷаҳон дар оғози поёни режими саҳюнистӣ қарор дорад!

21:16 - June 03, 2024
рақами хабар: 1611
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар маросими 35-умин солгарди реҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ(рҳ) дар баррасии рӯйкарди ишон ба масъалаи Фаластин баён дошт: “аз рӯзи аввали шуруи наҳзати исломӣ, Имоми бузургавор бар рӯи масъалаи Фаластин такя карда ва матолибе гуфт, оянданигарӣ кард ва роҳнамоииҳо ба миллатҳои мусулмон ва худи миллати Фаластин кард. Ончи, ки Имоми бузургавор дар бораи ояндаи Фаластин аз 50 соли қабл ё бештар пешбинӣ карда буд, имрӯз ба тадриҷ дар ҳоли таҳаққуқ ёфтан аст.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар суханронии 35-умин бузургдошти солгарди даргузашти имом Хумайнӣ(рҳ), ки субҳи имрӯз дар Ҳарами бунёнгузори кабири инқилоби исломӣ анҷом шуд, фармуд: “ин иҷтимои бузург ҳар сола дорои як ҳадафи муҳимм ва мавриди ниёзи миллати Эрон аст ва он иборат аст аз таҷдиди ёди Имоми бузургавор ва баҳрагирӣ аз дарси Имоми бузургавор барои пешрафти кишвар ва идораи кишвар ва таъқиби аҳдофи баланди инқилоб ё аз дарси Имом Хумайнӣ(рҳ) истифода кунем, ки дар баёнот ва навиштаҳои ишон дар дастрас ва ихтиёри мост ё аз абъоди шахсияти Имом баҳраманд шавем. Абъоди шахсияти барҷастаи беназири Имом Хумайнӣ(рҳ) барои мо ҳар кадом ҳамонанди дарсе аст.”

Ишон афзуд: “имрӯз ҳам ман аз нигоҳи Имоми бузургавор ва аз зовияи диди ишон мехоҳам ба ду мавзуи муҳиме, ки аз фосилаи Хурдоди гузашта то имрӯз (давмои як соли гузашта) иттифоқ афтода, калимаҳое арз ва матолиберо баён кунам. Ин ду мавзуъ яке масъалаи Фаластин аст, ки имрӯз масъалаи аввали дунёст ва бо як ҳамлаи азими мардумӣ оғоз шуд ва думболаҳои он то имрӯз чашми дунёро мутаваҷҷеҳи худ карда ва онро ба масъалаи аввали дунё табдил кардааст.”

Мавзуи дигар ҳам марбут ба ҳодисаи талхи фуқдони раисҷумҳури азиз ва муғтанами мост, ки он ҳам ҳодисаи бузурге аст ва паёмадҳои дохилӣ ва хориҷӣ дорад. Шаҳодати раисиҷумҳурамон ва ҳамроҳонаш яке аз масоили муҳими таърихи инқилоби исломӣ маҳсуб мешавад. Роҷеъ ба ин ду мавзӯъ мехоҳем аз зовияи нигоҳи Имом Хумайнӣ(рҳ) нигоҳ кунем ва баҳс кунем ва баъд ҳам Ин шоа Аллоҳ дар бораи масъалаи интихобот ва ин вазифаи миллӣ ва умумӣ сӯҳбат хоҳам кард.”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар баррасии рӯйкарди Имом Хумайнӣ(рҳ) ба масъалаи Фаластин фармуд: “аз рӯзи аввали шуруи наҳзати исломӣ, Имоми бузургавор бар рӯи масъалаи Фаластин такя карда ва матолибе гуфт, оянданигарӣ кард ва роҳнамоиҳо ба миллатҳои мусулмон ва худи миллати Фаластин кард. Ончи, ки Имоми бузургавор дар бораи ояндаи Фаластин аз 50 соли қабл ё бештар пешбинӣ карда буд, имрӯз ба тадриҷ дар ҳоли таҳаққуқ ёфтан аст. Ин равшанбинии Имом(рҳ) дар масъалаи Фаластин мавзуи бисёр муҳиме аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид намуд: “албатта ин равшанбинӣ ва оянданигарӣ ва диққати назар дар ҳаводис дар Имом бузургавор махсуси масъалаи Фаластин набуд; дар бисёре аз қазияҳои ҷорӣ ва муҳими кишвар назари Имом, нигоҳи дақиқи Имом ва равшанбинии Имом дар ҷилави чашми касоне, ки онҳоро шунида буданд, таҳаққуқ пайдо кард. Намунаҳои зиёде дорад; як намуна марбут ба ҳамон рӯзҳои аввали наҳзат аст. Он рӯзе, ки наҳзати исломӣ ба раҳбарии Имоми бузургавор аввалин гомҳои худашро мебардошт ва режими тоғут дар Файзияи Қум, дар хиёбонҳои Қум ва дар Теҳрон ҳар ҳаракатеро бо шиддат ва бераҳмии тамом саркӯб мекард, дар як чунин шароите, ки муборизон теъдоди андаке доштанд ва тарафи муқобил ҳам як режими ҷаббор ва бераҳм буд, он рӯз ишон хитоб ба мо, ки талабаҳои ҷавоне будем, фармуд, ки инҳо рафтанӣ ҳастанд ва шумо мемонед.”

Ишон идома дод: “он рӯз касоне, ки аҳли таҳқиқ ва мутолиаи баҳсҳои гуногуни кишварҳо буданд, аз чунин суханоне тааҷҷуб мекарданд, вале Имоми бузургавор гуфт ва ҳамин ҳам иттифоқ афтод. Як намунаи дигар ҳам марбут ба авохири умри бобаракати Имом Хумайнӣ(рҳ) аст ва он матлабе аст, ки дар нома ба раиси Шӯравии собиқ навишт ва ин ҷузви иборатҳои мондагори таърихӣ аст; он рӯз, ки ба назари Шӯравӣ дар авҷи шавкат ва эътибор қарор дошт, аммо Имоми бузургавор фармуд, ки садои шикаста шудани устухонҳои режими коммунистиро мешунавам, ҳеҷ кас он рӯз тасаввури чунин вазъеро намекард, вале Имом(рҳ) гуфт ва хеле ҳам нагузашт ончи, ки ишон пешбинӣ карда буд, иттифоқ афтод.”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар бахши дигаре аз баёноташ фармуд: “дар қазияи Фаластин имом Хумайнӣ(рҳ) бо ин нигоҳ ва бо ин дид вориди қазияҳо шуд. Ончи, ки ҳосил ва хулосаи хостаи Имом бузургавор дар масъалаи Фаластин буд, ин буд, ки дил ба музокироти созиш баста нашавад. Дил набанданд ва умедвор набошанд ба инки битавонанд бо музокироти созиш мушкили фаластиниҳоро ҳал кунанд ва дар масъала ба як нуқтаи одилона бирасанд. Ин хулосаи ҳарфи Имоми роҳил буд. Ишон мӯътақид буданд, ки бояд худи мардуми Фаластин дар майдони амал ҳаққи худашонро бигиранд ва душманро яъне режими саҳюнистиро водор ба ақибнишинӣ кунанд ва ӯро тазъиф кунанд ва ҳамаи миллатҳои дунё ба хусус давлатҳои мусулмон аз фаластиниҳо ҳимоят кунанд. Имоми бузургавор ҳамеша такрор мекраданд, ки агар миллатҳо вориди майдон шаванд ва худи фаластиниҳо иқдом кунанд ва камар ба амал бубанданд, режими саҳюнистӣ водор ба ақибнишинӣ хоҳад шуд ва имрӯз ин иттифоқ афтодааст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ баён кард: “Фаластиниҳо дар моҷарои Тӯфони Ақсо вориди майдон шуданд, амал карданд, иқдом карданд ва душманро дар кунҷи майдоне қарор доданд, ки ҳеҷ роҳи фирор ва василаи наҷоте барояш вуҷуд надорад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ “таъмини ниёзи муҳими минтақа” ва “ворид овардани зарбаи асосӣ ба режими ҷинояткор”-ро ду вижагии муҳими амалиёти Тӯфони Ақсо баён карда ва афзуд: “Амрико, аносири саҳюнизми ҷаҳонӣ ва бархе давлатҳои минтақа, нақшаи бузург ва дақиқе барои тағйири муносибот ва муодилоти минтақа тарроҳӣ карда буданд, то бо эҷоди иртибототи мавриди назарашон миёни режими саҳюнистӣ ва давлатҳои минтақа, заминаҳои тасаллути режими манҳус бар сиёсат ва иқтисоди ғарби Осиё ва ҳамаи дунёи Ислом фароҳам шавад.”

Ишон афзуд: “ин нақшаи шум ба лаҳзаҳои иҷро комилан наздик шуда буд, ки Тӯфони мӯъҷизаофарини Ақсо оғоз шуд ва ҳамаи бофтаҳои Амрико, саҳюнизм ва думболаҳои ононро бар бод дод; ба гунае, ки бо ҳаводиси 8 моҳи ахир, умеде ба эҳёи дубораи он нақша вуҷуд надорад.”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон, ҷиноятҳои бесобиқа ва сангдилии беҳадду марзи режими дадманиш ва ҳимояти давлати Амрико аз ин ваҳшигариҳоро вокунишҳои асабӣ ба ботил шудани тавтеаи бузурги байналмилалӣ барои мусаллат кардани режими саҳюнистӣ бар минтақа донист.

Ишон дар табйини вижагии дувуми Тӯфони Ақсо яъне ворид овардани зарбаи ғайриқобили ҷуброн ба режими саҳюнистӣ, ба эътирофҳои таҳлилгарон ва соҳибназарони амрикоӣ ва аврупоӣ ва ҳатто вобастагон ба режими манҳус истинод карда ва афзуда: “онҳо ҳам изъон доранд, ки режими ишғолгар бо он ҳама ёл ва куполи иддаоӣ, аз як гурӯҳи муқовимат шикасти сахте хӯрда ва баъд аз 8 моҳ ба ҳеҷ як аз аҳдофи ҳаддиақалии худ нарасидааст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба сухани як таҳлилгари ғарбӣ дар бораи қудрати Тӯфони Ақсо барои тағйир додани қарни бистуякум, афзуд: “таҳлилгарон ва муаваррихони дигаре ҳам ба ошуфтагӣ ва саргиҷаи режим, мавҷи муҳоҷирати маъкус, нотавонӣ дар ҳифозат аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ ва расидани проекти саҳюнистӣ ба нафасҳои охири худ, ишора ва таъкид кард, ки “ҷаҳон дар оғози поёни режими саҳюнистӣ аст.”

Ишон бо ишора ба табдили масъалаи Фаластин ба масъалаи аввали дунё ва тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ дар Лондон, Париж ва донишгоҳҳои Амрико, гуфт: “солҳои мутамодӣ марокизи таблиғотӣ ва расонаии амрикоӣ-саҳюнистӣ барои фаромӯш шудани масъалаи Фаластин талош карданд, аммо дар партави Тӯфони Ақсо ва истодагии мардуми Ғазза, Фаластин акнун масъалаи аввали ҷаҳон аст ва Амрико ҳам дар муқобили иҷмои ҷаҳонии миллатҳо дучори инфиол шуда ва дер ё зуд маҷбур мешавад дасташро аз пушти режими саҳюнистӣ бардорад.”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон мусибатҳои мардуми Ғазза аз ҷумла шаҳодати ҳудуди 40ҳзор нафар ва куштори ҳудуди 15ҳзор кӯдак ва навзод ва ширхорро ҳазинаи сангини миллати Фаластин дар масири наҷот аз дасти саҳюнистҳо хонда ва гуфта: “мардуми Ғазза ба баракати имони исломӣ ва эътиқод ба оятҳои қуръонӣ, ҳамчунон мушкилотро таҳаммул ва бо истодагии эъҷоббарангез аз ҳамосасозон ва муборизони муқовимат дифоъ мекунанд.”

Ишон муҳосибаи ғалати режими саҳюнистӣ дар бораи тавоноиҳои ҷабҳаи бузурги муқовиматро боиси вуруди он режим ба долони бунбасте донистанд, ки шикастҳои пай дар пайро насиби он мекунад ва бо хосту иродаи илоҳӣ, роҳи наҷоте барои хуруҷ аз ин бунбаст нахоҳад дошт.

Ҷамъбандии раҳбари инқилоби исломии Эрон аз суханонашон дар бораи Фаластин ин ҷумлаҳо буд: “режими саҳюнистӣ бо вуҷуди ҳарфҳои таблиғотии ғарб, дар пеши чашми мардуми ҷаҳон дар ҳоли зуб шудан ва тамом шудан аст ва ба ҷуз миллатҳо, бисёре аз сиёсиюни ҷаҳон ва ҳатто саҳюнистҳо ин воқеиятро фаҳмидаанд.”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар бахши дувуми суханонишон ба ҳодисаи шаҳодати ҷонгудози раисҷумҳури муғтанам ва азиз ва пуркор ва ҳамроҳони ишон пардохта ва гуфт: “ҳар як аз ҳамроҳони раисҷумҳур ба навбаи худ шахсиятҳои арзишманде буданд.”

Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ дар таҷлил аз ҳамроҳони раисҷумҳур гуфт: “марҳум оқои Оли Ҳошм имомҷумъаи фаъол, мардумӣ ва шоистаи шаҳри Табриз ва намояндаи раҳбарӣ дар устони муҳими Озарбойҷони Шарқӣ ва шахсияти арзанда буд, ки иртиботҳои қалбӣ ва корӣ бо бештари мардум аз ҷумла ҷавонон, донишҷӯён, ҳунармандон ва варзишкорон барқарор мекард.”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон афзуд: “оқои Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи фаъол, пуркор ва бо ибтикор низ музокиракунандаи қавӣ, боҳуш ва пойбанд ба мабонӣ ва усул буд. Ҳамчунин соири ҳамроҳон чӣ устондори Озарбойҷони Шарқӣ ва чӣ он бародари маъмури ҳифозати раисҷумҳур ва чӣ он се азизи кодри парвоз, ҳамагӣ бар асоси гуфтаҳои ошноён, афроде шоиста, барҷаста ва муъмин буданд.”

Ишон фуқдони ин азизонро ҳақиқатан хисорат барои кишвар хонда ва гуфта: “Қръони Карим дар сураи Бақара мефармояд “ба касоне, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, мурда нагӯед, чароки онҳо зинда ҳастанд, аммо шумо намедонед” ва аз онҷо, ки дар ин оят баҳсе дар бораи ҳаракати низомӣ ва ҷанг нест, ҳар касе дар роҳи Худо ҳамчун роҳи хидмат ба мардум, кори ҷиҳодӣ барои онҳо ва роҳи идораи кишвар ва пешрафти низоми Ҷумҳурии Исломӣ кушта шавад, шаҳид аст.”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон, оқои Раисӣ ва ҳамроҳони ишонро машмули ин ояти шарифаи Қуръон хонда ва афзуд: “мо ин азизонро шаҳидони хидмат медонем, ҳамчунон, ки таъбири боарзиши шаҳиди хидмат ва шаҳиди ҷумҳур аз дили мардум ҷӯшид.”

Ишон мусибати фуқдони раисҷумҳурро барои кишвар ҷиддан сангин донист ва дар баёни вижагиҳо ва хусусиятҳои барҷаста ва мумтози шаҳид Раисӣ гуфт: “ҳама эътироф карданд, ки Ӯ марди кор ва амал ва хидмат ва сафо ва садоқат буд. Барои хидмат шабу рӯз намешинохт. Раисии азиз дар хидматгузорӣ ба кишвар ва миллат нисоби ҷадиде эҷод кард, ки бо вуҷуди талоши хидматгузорони қаблӣ, токунун дар ин ҳадду ҳаҷм ва кайфият ва бо ин садоқат ва пуркорӣ набудааст.”

Таҳарруки фаровон ва бо баракат дар сиёсати хориҷӣ барои ҳол ва ояндаи кишвар ва истифода аз фурсатҳо ва барҷаста кардани Эрон дар чашми риҷоли сиёсии дунё аз дигар хусусиятҳои шаҳид Раисӣ буд, ки раҳбари инқилоби исломии Эрон ба он ишора карданд ва дар хусуси вижагиҳои мудириятии он шаҳид афзуд: “сабки мудириятии Ӯ дар байни ҳамкоронаш, вижа ва ҳамроҳ босафо ва самимият буд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ хомнҳоӣ, каромат ва иззат ва ҳурмат қоил шудан барои мардум ва майдон додан ба онҳо ва такриму эътимод ба ҷавононро аз вижагиҳои мумтози раисҷумҳури фақид баршумурда ва гуфт: “Ӯ ҳатто бо касоне, ки ба Ӯ бадӣ ва иҳонт карда буданд, бо каромат бархурд мекард ва посухи тунд ва зишт ва асабӣ ба онҳо намедод.”

Ишон марзбандии сареҳ бо душманон ва мухолифони инқилоб ва парҳез аз дупаҳлугӯӣ ва эътимод накардан ба лабханди душманро хусусиятҳои дарсомӯзи дигари шаҳид Раисӣ хонда ва афзуд: “ҳар як аз ин хусусиятҳо барои сиёсатмадорони мо ва раисони ҷумҳури оянда ва мунтахабони миллат дар ҳамаи бахшҳо сармашқ аст.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон бо ишора ба таъриф ва тамҷид аз шахсият ва хадамот ва талошҳои шабонарӯзии шаҳид Раисӣ баъд аз фуқдони Ӯ дар ҳамаи матбуот ва фазои маҷозӣ ва аз забони ашхос ва ҷараёнҳои гуногун, гуфт: “ман дилам барои Раисӣ сӯхт, ки бархе дар замони ҳаёти Ӯ ҳатто ҳозир набуданд як калима аз ин ҳарфҳоро бигӯянд ва бо вуҷуди мушоҳидаи ин барҷастагиҳо, онҳоро китмон ва ё ҳатто воруна мунъакис мекарданд ва ӯро меозурданд, ки албатта Ӯ ғолибан ҷавобе ба онҳо намедод, аммо гоҳе ҳам назди ман меомад ва миқдоре шикоят мекард.”

Ишон бо дуо барои таолии дараҷоти Раисии шаҳиди азиз ва муғтанам ва ҳамроҳони ӯ ва орзуи сабр барои хонаводаҳои онҳо, ҳузури мардум дар ташйиъ ва бадрқаҳои миллионии ин азизонро фасле барҷаста ва шоистаи таҳлил дониста ва гуфт: “як вокуниш дар муқобили мусибатҳои шахсӣ ва миллӣ, афсурдагӣ ва мунзавӣ шудан ва дар воқеъ шикаст хӯрдан аз мусибат ва аз даст додани умед аст, аммо вокуниши дигар, истодагӣ дар муқобили мусибат ва ба таъбири Қуръон, сабр аст, ки боиси фурсатсозӣ ва ҳамосаофаринӣ ва истихроҷи натоиҷи ширин аз ҳодисаи талх мешавад, ки дар ин қазия, миллати Эрон, вокуниши дувумро интихоб кард.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳузури пурмаънои мардум дар маросими мухталифи шаҳидони хидмат дар шаҳрҳои мухталиф аз Теҳрон, Машҳад, Табриз, Қум, бирҷанд ва Рей то Занҷон ва Мароға ва Наҷафободро намунае аз ҳамосаофариниҳои миллати Эрон дар муқобили ҳаводиси талх ва сахт дар тӯли таърихи инқилоб дониста ва дар баёни паёмҳои ин ҳузур афзуд: “ин ҳамоса нишон дод, ки миллати Эрон, миллате пурангеза, хастанашав, истода ва зинда аст, ки аз мусибат шикаст намехӯрад, балки истиқомат ва ангезаи ӯ бештар мешавад.”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон, нишон додани иртиботҳо ва алоқа ва дилбастагии мардум ва масъулон дар сатҳҳои болои кишварро паёми дигари ҳузури миллионии миллат хонда ва афзуд: “бар хилофи талқин ва иддаои душман ва такрори бархеҳо дар дохил, ки Ҷумҳурии Исломи сармояи миллии худро аз даст додааст, ҳузури миллионии мардум дар бадрақаи шаҳидон нишон дод, ки ин сармояи миллӣ, ки дар ҳеҷ куҷои дунё монанд надорад, побарҷо аст ва илова бар масъалаи даргузашти Имом, ки мавзуи беҳамто ва ғайриқобили муқоиса бо ҳар падидаи дигаре аст, миёни мардум бо масъулон ва сардороне ҳамчун Раисӣ ва Сулаймонӣ, иртибот ва дилбастагии отифии барҷастае вуҷуд дорад.”

Ишон, паёми дигари ҳузури ҳамосии мардумро тарафдорӣ аз шиорҳои инқилоб хонда ва гуфт: “марҳум Раисӣ сареҳан шиорҳои инқилобро баён мекард ва мазҳари шиорҳои инқилоб буд ва эҳтиром ва тамҷид аз Ӯ дар воқеъ ибрози дилбастагии мардум ба шиорҳои инқилоб аст.”

“Қадрдонии мардум аз хидматгузорон ва фаромӯш нашудани хадамот” ва “ҳифзи оромиш ва амнияти кишвар ба таври комил бо вуҷуди аз даст додани раисҷумҳур” паёмҳои дигаре аз ҳузури пурмаънои мардум буд, ки раҳбари инқилоби исломии Эрон ба онҳо ишора карда ва гуфт: “интиқоли ин паёмҳо ва воқеиёт аз Эрону эронӣ ба дунё ва барҷаста шудани ин ҳама омодагӣ ва ангеза ва алоқа ва пойи кор будани мардуми Эрон дар чашми риҷол ва таҳлилгарони сиёсии дунё, бисёр муҳим ва дар муодилаҳои сиёсии минтақа ва табйини қудрат ва тавзеъ он дар минтақа асаргузор аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши муҳими дигаре аз суханонашон, интихоботи пеши рӯйро коре бузург ва падидае пурдастовард дониста ва гуфт: “агар Ин Шоа Аллоҳ ин интихобот ба хубӣ ва бо шукӯҳ ва азамат баргузор шавад ва баъд аз ин ҳодисаи талх, мардуми масъули баъдиро бо раъйҳои боло интихоб кунанд, дастоварди бузург барои миллати Эрон хоҳад буд ва инъикоси фавқулодае дар дунё хоҳад дошт, бинобарин интихоботи 8-и тир бисёр муҳим аст.”

Ишон ҳамосаи интихоботро мукаммили ҳамосаи мардум дар бадрақаи шаҳидон хонда ва афзуд: “миллати Эрон барои ҳифзи манофеъ ва тасбити умқи роҳбурдии худ дар муодилаҳои печида байналмилалӣ ва барои инки битавонад зарфиятҳо ва истеъдодҳои табиӣ ва инсонии худро зуҳуру буруз бидиҳад, то коми кишвар ширин шавад ва ҳамчунин барои инки битавонад ҳуфраҳо ва рахнаҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро пур кунад, ба раисҷумҳуре фаъол, пуркор, огоҳ ва мӯътақид ба мабонии инқилоб эҳтиёҷ дорад.”

Раҳбари инқилоби исломии Эрон бо таъкид бар зарурати ҳоким будани ахлоқ дар рақобатҳои интихоботӣ байни номзадҳо, гуфт: “бадгӯӣ, тӯҳматзанӣ ва лаҷанпароканӣ кумаке ба пешрафти корҳо намекунад ва ба обрӯи миллӣ ҳам латма мезанад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “саҳнаи интихобот, саҳнаи иззат ва ҳамоса ва рақобат барои хидмат аст на майдони кашмакаш барои тасоҳуби қудрат, бинобарин касоне, ки вориди рақобатҳои интихоботӣ мешаванд, риояти ахлоқро вазифаи худ бидонанд, то Худованди Мутаол дилҳои мардумро ба беҳтарин гузина ҳидоят кунад ва Ин Шоа Аллоҳ як раисҷумҳури шоиста барои миллати Эрон таъйин шавад.”

https://iqna.ir/00HhjW

captcha